Роҳпаймоии шаҳрӣ ба муносибати эълон гардидани «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

2022-12-27

Дар шаҳри Норак дар ҳошияи эълони  “Соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри  Норак,  аъзои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан" роҳпаймоӣ  доир гашт.

Дар ҳамоиш  роҳбарияти мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри  Норак Асозода  Дилшод  Алимурод  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Боиси зикр аст, ки 14 декабр Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “Соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, қабул кард. Ин хабари хуш мояи сарфарозӣ ва ифтихори мардуми шарафманди Тоҷикистон, аз ҷумлаи аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. Ҳамчунин, аз ҷониби  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки роҷеъ ба муқаррар намудани яке аз рӯзҳо ҳамчун   Рӯзи  байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ташаббус нишон дода шуда буд, аз ҷониби СММ бо тарафдории аксари кишварҳои ҷаҳон 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шудааст.

Лозим ба зикр аст, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2021 дар мулоқоти  якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим пешниҳод карда буданд, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад.  

Пешниҳоди дигари ҷониби Тоҷикистон таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо буд. Ҳамоиши мазкур ба муносибати ин рӯйдоди таърихӣ ва муҳим, яъне қабули қатъномаи саривақтии Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид дар самти обу иқлим аст, ки бо ташаббускориҳои навбатии ҷониби Тоҷикистон амалӣ мегардад, доир шуд.             Фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри  Норак  бо ҳисси баланди ифтихор аз ин рӯйдоди муҳимми таърихӣ дар баргузории ин роҳпаймоии  шаҳрӣ ташаббускорӣ нишон доданд.