Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат

2022-12-27

Дар вазъи имрӯзаи ҷаҳон дар баробари як қатор масъалаҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ инчунин амнияти захираҳои обӣ ва муносибат бо ин неъмати бебаҳо муҳим арзёбӣ мегардад. Айни замон талабот ба манбаъҳои оби ошомиданӣ қариб шаш баробар дар дунё афзудааст.

Дар ин росто ташаббусҳои ҳадафмандонаи Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳимияти худро исбот намуда истодааст. Пешниҳоди чоруми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” ба ҳалли масъалаҳои захираҳои обӣ мусоидат менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои пешсаф ва ташаббускор дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об маҳсуб меёбад. Бояд қайд намуд, ки Тоҷикистон дар муддати ду даҳсолаи охир чор ташаббуси байналмилалиро оид ба ҳалли мушкилоти ҷаҳонии обу экология пешниҳод намуд, ки ҳамаи онҳо аз ҷониби давлатҳо қабул гардида, мавриди амал қарор гирифтаанд.

Дар баробари мавҷуд будани мушкилоти дастрасӣ ба оби тоза дар байни аҳолии ҷаҳон хатари тағйирёбии иқлим ва муаммоҳои экологӣ давлатҳоро нигарон намудааст. Таҳқиқотҳои илмӣ нишон додаанд, ки  беш аз 60 дарсади захираҳои обии минтақа аз кишвари мо сарчашма мегиранд. Дар натиҷаи гармшавии иқлим солҳои охир сеяки ҳаҷми умумии пиряхҳо аз байн рафтаанд, ки ин ҳолат таъсири манфии худро ба минтақа мегузорад. Яъне дар натиҷаи тағйирёбии иқлим аз 13-ҳазор пиряхи дар куҳсори Тоҷикистон мавҷуда то имрӯз 1-ҳазори он аз байн рафтааст.  

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим дар ҳамоишҳои байналмилалӣ пешниҳодҳои мушаххас ироа намудаанд. Моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни эътилофи обу иқлим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян ва Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.

14-уми декабри соли 2022 Маҷмааи Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-ум Қатъномаи Тоҷикистонро таҳти унвони “2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ” қабул кард. Он яке аз катъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Пешвои миллат бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд.

Ташаббусҳои навбатии Пешвои миллат эълон гардидани 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо ва дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе дар СММ дастгирӣ ёфтанд.

 Ҳамин тавр, ташаббусҳои Пешвои миллат эътирофи ҷаҳонӣ дошта, марҳилаҳои нави ҳамкориҳои ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо густариш хоҳад ёфт.

Ҳакимзода Миҷгона,

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ 

дар ноҳияи Кӯшониён