СОҲАИ МАОРИФ ДАР НОҲИЯИ РАШТ РУШД МЕЁБАД

2022-12-26

Рушди соҳаи маориф ҳамеша зери таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Дар ноҳия Рашт 113 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мавҷуд буда, аз он 24 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 18 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 70 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 мактаб-интернати ҷумҳуриявии кўдакони ятим бо фарогирии 30619 нафар хонанда, ки аз он шумора 14794 нафарашон духтарон, 3 боғчаи бачагона бо фарогирии 185 нафар тифлакон ва 64 адад Маркази инкишофи кўдакони синни томактабӣ бо фарогирии 1300 нафар амал карда истодаанд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 1580 нафар омўзгорон (466 занон), аз ин бо таҳсилоти олӣ 948 нафар, таҳсилоти миёнаи касбӣ 409 нафар, таҳсилоти миёнаи махсус 54 нафар, таҳсилоти олии ғайриихтисос 63 нафар дигар ихтисосҳо 106 нафар фаъолият менамоянд.

Бо мақсади иҷрои амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 феврали соли 2022, №АП-155 ва №АП-156 қарорҳои дар ин самт қабулнамудаи раиси ноҳия аз 14 марти соли 2022, №137, №138 дар бораи баргузории озмунҳои “Илм- фурўғи маърифат” ва “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” ба тасвиб расида, даври якум дар ҷамоатҳо ва даври ноҳиявӣ дар маркази ноҳия баргузор гардид. Ба даври минтақавии озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурўғи маърифат ” 54 нафар ва ба даври минтақавии озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” 103 нафар роҳхат гирифтанд.

Дар даври ҷумҳурии озмуни “Илм- фурўғи маърифат” 23 нафар иштирок намуданд. Дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” 14 нафар иштирок намуда, хонандаи синфи 9-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52 ноҳия Фирўзаи Тоҷиддин сазовори ҷойи сеюм гардид.

Дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннии хонандагон 6 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуда, хонандаи синфи 10 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 деҳа Тагоба Аминҷони Муродхуҷа аз фанни физика сазовори ҷойи якум ва медали тилло гардид.

Айни замон дар ноҳия сохтмони бинои иловагӣ дар назди боғчаи бачагонаи шаҳраки Ғарм идома дошта, инчунин аз ҳисоби собиқ биноҳои муассисаҳои таълимӣ, ки дар онҳо биноҳои нав сохта шуданд, баъд аз таъмиру тармим бунёд ва ба кор оғоз намудани 3 боғчаи бачагона дар деҳотҳои Навдӣ, Нусратулло Махсум ва Ҳоит ба нақша гирифта шуда, боғчаи бачагонаи деҳаи Ҳоит рўзҳои наздик ба фаъолият шурўъ менамояд.

Дар арафаи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон биноҳои нави таълимӣ дар назди муассисаи таълимии №82 деҳаи Чорбоғ ва №83 деҳаи Фурўдгоҳи деҳоти Нусратулло Махсум бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Нурмаҳмад Ато сохта ба истифода дода шуд.

Инчунин, дар арафаи ҷашни Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон биноҳои нави замонавӣ дар деҳаи Сари Шухони деҳоти Аскалон ва дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-и деҳаи Варзигони деҳоти Боқӣ Раҳимзода мавриди истифода қарор дода шуданд.

Айни замон дар назди муссисаҳои таҳсилоти умумии №14 деҳаи Ярхаби деҳоти Ҳиҷборак, №22 деҳаи Ҳоити деҳоти Ҳоит, №7 деҳаи Шулмак, №18 деҳаи Яшм ва №54 деҳаи Поҷе поёни деҳоти Боқӣ Раҳимзода, №53 деҳаи Себистони деҳоти Қалъаи Сурх, №39 деҳаи Воринги деҳоти Ясман, №49 деҳаи Хуфак ва №61 деҳаи Шаҳринави деҳоти Қалъанак, №86-и деҳаи Қалъаи Махсуди деҳоти Навдӣ, №46 деҳаи Ғавосиёни деҳоти Н. Махсум, №55-и деҳаи Зарифии деҳоти Тагоба, №38 деҳаи Кули деҳоти Аскалон ва № 77 деҳаи Болошаҳри деҳоти Оби меҳнат сохтмони биноҳои наву замонавии таълимӣ идома доранд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 1159 адад компютер, 72 адад ноутбук, 203 принтер, 25 адад тахтаи электронӣ, 47 адад видиопроектор ва 71 генератор мавҷуд мебошанд.

Ҷиҳати ҷалби хонандагон ба омўзиши забонҳои русӣ, англисӣ ва фанҳои дақиқ дар муассисаҳои таълимӣ дарсҳои иловагӣ ба роҳ монда шудааст.

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рашт