ЧАНД АНДЕША ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ

2022-12-26

Чун анъанаи нек ҳамасола ва аз рӯи таомули давлатдорӣ Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида, бо фарогирии тамоми самту соҳаҳои ҳаёти мардуми кишвар, дастоварду муваффақият ва баъзе норасоиҳои равандҳои ҳаётии соли равонро бо муқоисаи солҳои қаблӣ мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷонибаи Роҳбари давлат қарор дод.

Мавриди зикри хос аст, ки Паёмҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин ҳуҷҷатҳои раҳнамунсози давлатдорӣ маҳсуб ёфта, барои тақвияту таъмини ҳамаҷонибаи пешрафти давлат, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ояндаи дурахшони мамлакат нақши бориз мегузоранд. Ироаи ҳамасолаи ин Паёмҳо дар шакли сохтори мураттаб ҳамаи самту соҳаҳои ҷомеаро фаро гирифта, пеш аз ҳама дар доираи таҳлилу омӯзиши ҳамаҷониба дар василаи равандҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлкат рӯи кор оварда мешавад.

Ба андешаи коршиноси масоили сиёсӣ Девонсолор Сайф “... маҳз чунин ҷиҳати масъалагузорӣ ҷойгоҳи Паёмро аз дигар шаклҳои суханрониҳо баландтар намуда, арзиши моҳиятӣ ва амалии онро афзоиш додааст. Зимнан, яке аз хусусиятҳои дигару муҳимми Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин инъикоси васеи дастовардҳои дар марҳилаи муайян ба дастомада ва пешниҳоди роҳҳои муҳим баҳри ҳалли муаммоҳои ҷойдошта ва дар ин замина расидан ба ҳадафҳои олии давлатдорӣ мебошад”.

Ба андешаи коршинос “дар низоми давлатдории миллӣ ироа гардидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз чанд ҷиҳат аҳаммияти бунёдӣ дорад. Агар аз як тараф нишондодҳои рушди соҳаҳо ва натиҷаҳои марҳилаи мушаххаси давлатдорӣ дар Паём инъикос ёбанд, аз тарафи дигар Паём додан ба мардум, ин нишонаи демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва мардумӣ будани давлату Ҳукумат аст. Илова бар ин, ироа гардидани Паём аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба таври мустақилона муайян гардидани нақшаҳои бузурги давлатдорӣ ва татбиқи ҳадафҳои умуммиллӣ нишонаи соҳибихтиёрии комили давлат ва устувор будани пояҳои давлатдории миллӣ мебошад”.

Бояд гуфт, ки Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои муаззами миллат ҳам дар дохили ҷомеаи кишвар ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ дорои аҳаммияти бисёр муҳим мебошанд. Зеро дар ин Паёмҳо дар баробари сиёсати дохилӣ ҳамчунин сиёсати хеле комгори хориҷии давлати тоҷикон, роҳи интихобнамудаи кишвар, арзишҳои миллӣ, равандҳои демократӣ, мушкилоту камбудиҳо ва садҳо далелҳои дигар вобаста ба самтҳои мухталифи ҳаётӣ мавриди таҳлили васеъ қарор мегиранд. Агар ба таври дигар гӯем, ин Паёмҳо ба ҳайси муҳимтарин ҳуҷҷатҳои ҳисоботии Роҳбари давлат як навъ муаррифисозандаи ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву иқтисодии кишвар маҳсуб меёбанд.

Ба андешаи муҳаққиқ ва коршиноси сиёсӣ Абдуллоҳи Раҳнамо “...дар бахши махсуси Паём нигоҳи кишвар ба равнадҳои асосии байналмилалӣ, мавқеи давлат нисбат ба онҳо ва умуман, моҳияти сиёсати хориҷии кишвар ва муносибати он бо созмону кишварҳои муайян нишон дода мешавад. Ин ҳолат Паёмро ба як санади дорои аҳаммияти дипломатӣ ва фаромиллӣ табдил мекунад”.

Умуман, метавон гуфт, ки Паёмҳои ҳамасолаи Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои аҳаммияти баландӣ сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва маънавию фарҳангӣ буда, муҳимтарин ҳуҷҷати раҳнамо барои ояндаи дурахшон дониста мешаванд.

Гурезов Умедҷон,

сармутахассиси шуъбаи таблиғот ва

иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби

Халқии Демократии Тоҷикистон дар

ноҳияи Синои шаҳри Душанбе