КУМАК БА НИЁЗМАНДОН ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ

2022-12-24

Дар партави сиёсати эҳсонкорона ва хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру роҳнамоиҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи таҷлили Соли нави мелодии 2023 ба табақаҳои ниёзманд кумакҳои яквактаина ба маъюбон камбизоатон ва шахсони яккаву танҳо росанида мешаванд.

Чунин иқдоми хайриявӣ имрӯз аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҳавзаи интихоботии № 32, Нахшов Фазлиддин дар ҳамдастагӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иштироки Муродов Ҷурабек муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Қурбонзода Убайдулло раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба маҳаллаҳои Аҳрор Мухторов ва Нодираи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар арафаи Соли нави мелодии 2023 ба 15-оилаи камбизоату маъюб кӯмакҳои яквақтаина ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд.