ДАСТГОҲИ КИМ ҲХДТ – ҒОЛИБИ “ҶОМИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН”
2022-12-22
22-юми декабри соли 2022 дар толори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди волейбол байни кормандони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ҷамъбаст гардид, ки дар он Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ғолиб дониста шуд. Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа Латифзода Асрор Қурбон - муовини Раиси ҳизб, Абдулло Раҳмонзода – Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оятулло Аҳмадзода – раиси Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон “Созандагони Ватан”, Парвиз Нориён – директори телевизони “Варзиш” ва Файзулло Машраб Қурбоналӣ – Ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон иштирок намуданд. Зимни суханронӣ муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода зикр намуд, ки мусобиқаи мазкур ба ифтихори 28-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир шуда, идомабахши чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба ин сана маҳсуб меёбад ва он дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба оммавигардонии варзиш ва самаранок истифода бурдани иншоотҳои варзишӣ дар ҳамдастӣ бо Федератсияи волейболи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон “Созандагои Ватан” ва Донишгоҳи славянии Русиву Тоҷикистон доир гардид. - Мақсади асосӣ аз роҳандозии иқдоми мазкур тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби шаҳрвандони мамлакат ба машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқи васеи бозии волейбол дар байни аҳолии кишвар, таъмини бевоситаи иҷрои Барномаи рушди волейбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муайян намудани беҳтарин дастаи волейболбозони сохторҳои ҲХДТ маҳсуб меёбад, - иброз кард А.Латифзода. Хотирнишон гардид, ки пойтахти азизамон - шаҳри Душанбе бо таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомоти созандаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ симои худро дигар карда, корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъати тоза касб кардаанд. Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода таъкид намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон варзишро ҳамчун яке аз омилҳои муассири тарбия ва муаррифии шоистаи кишвар дар арсаи байналмилалӣ эътироф намуда, варзишгаронро, ки бо иштироки фаъолона соҳиби ҷоизаҳои олимпӣ ва байналмилаӣ мегарданд, дастгирӣ ва барои ҷалби сармояи иловагӣ бо мақсади бунёди толору майдончаҳои варзишӣ талош мекунад. Гуфта шуд, ки рушди варзиш яке аз самтҳои барномавии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо назардошти он, ки дар шароити кунунӣ варзиш ҳамчун василаи шоистаи муаррифгари миллату кишвар дар олам маҳсуб мешавад, ба рушди он таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ёдовар мешавем, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон “Созандагони Ватан” ин мусобиқаи варзишӣ ташкил ва баргузор гардид. Ҳамагӣ дар мусобиқа 12 даста дар 2 гурӯҳ бозӣ намуданд. Аз ҷумла, дастаҳои Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, И.Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино, Фирдавсӣ, Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ, Варзоб, Шаҳринав ва Ваҳдат байни ҳамдигар сабқат карданд. Ҳамин тариқ, дастаи Дастгоҳи КИМ ҲХДТ – сазовори ҷойи якум, КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ – сазовори ҷойи дуюм ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода – сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа ба дастаи ғолиб Ҷомҳои ифтихорӣ, диплом, медалҳои ифтихорӣ ва мукофоти пулӣ тақдим шуд.