ҲХДТ 26 НАФАР ИШТИРОКЧИИ ОЗМУНИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ..."-РО БО МУКОФОТИ ПУЛӢ ҚАДРДОНӢ НАМУД

2022-12-19

16-уми декабри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими супоридани мукофоти пулӣ ба иштирокчиёни даври чоруми озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки ҷойҳои ифтихориро сазовор гардиданд, баргузор шуд.

Дар ин маросими бошукӯҳ дар баробари намояндагони сохторҳои давлатӣ муовини аввали Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ширкат намуда, дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 26 нафар иштирокчии фаъоли озмун, аз ҷумла ба 13 нафар ятим ва шахси маҳдудимкон 4000 сомонӣ ва ба 13 нафар пиронсол ба маблағи 3000 сомонӣ аз номи Раиси ҳизб тақдим намуд.

Боиси ифтихор аст, ки ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар ҳаводорони зиёдеро ба ҳам оварда, дар муаррифии чеҳраҳои китобхон, донишманд, суханвар ва эҷодкор нақши боризе гузошта истодааст. Мардуми шарифи Тоҷикистон, падару модарон, хонандагону омӯзгорон, донишҷӯёну намояндагони касбу кори гуногун ҷиҳати дастгирии ташаббуси Пешвои миллат тамоми неруи зеҳнии худро равона карда, дар чор зинаи озмун донишу маҳорати худро муаррифӣ намуданд.