ТАЪСИСИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “КОНЧОЧ”
2022-12-16
Қобили зикр аст, ки 4
апрели соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Кончочи
ноҳияи Айнӣ Корхонаи маъдантозакунии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “ТАЛКО Голд”-ро
мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Зикр кардан ба маврид аст, ки Ҷамъияти
саҳомии пӯшидаи “ТАЛКО Голд” дар асоси лоиҳа ва нақшаи тарҳрезигардида
ғанисозии маъдан бо усули флотатсиякунонӣ дар як шабонарӯз 5 ҳазор тонна ва
солона 1,5 миллион тоннаро ташкил медиҳад. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор
гирифтани корхонаи истеҳсоли консентрати тилло ва сурмаи Ҷамъияти саҳомии
пӯшидаи “ТАЛКО Голд” зиёда аз 1000 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин
шуда, барои татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат аз
роҳу усулҳои муосир, ки бозори ҷаҳонӣ онро талаб мекунад, истифода мебаранд.
Аз ин иқдомҳои
бунёдкоронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
кормандон ва фаъолони Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “ТАЛКО Голд” изҳори қаноатмандӣ
баён намуда, талош намуда истодаанд, ки дар ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон:
таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи
амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар нақши назарраси худро
гузоранд. Дар баробари ҳадафҳои стратегӣ, масъулуни Ҷамъияти саҳомӣ дар иҷрои
бандҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ пайваста чораҳои судманро роҳандозӣ менамоянд.
Тибқи нақша дар
Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “ТАЛКО-Голд” маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии
ҳизбӣ доир гардид, ки дар кори он муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон,
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Раиси
ноҳияи Айнӣ Муродзода Муқим Қаюм, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ
Раҳимзода Рузибой ва дигар фаъолони Ҳизб ширкат карданд.
Муовини Директори ҶСП
“Толко Голд” Ҷумъазода Мурод Хол маҷлиси муассисонро ҳусни оғоз бахшида, оиди
банди якуми рӯзномаи Маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди
Ҷамъиятии Саҳомии Пӯшидаи “Толко Голд”, - таъсиси ташкилоти ибтидоии Ҳизбӣ ва
номгузории он бо номи “Кончоч” баромад намуд, ки иштирокчиёни маҷлиси муассисон
пешниҳоди мазкуррро қобили таваҷҷӯҳ донистанд.
Ҷумъазода М., қайд
кард, ки узви ин ҳизби пешсафи ҷомеа будан ифтихору шараф буда, аз ҳар аъзои он
масъулияту кордонӣ, садоқату заҳмат баҳри нафъи ин миллату давлат мехоҳад. Мо
пайрави аз иқдомҳои шоистаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуда,
ҷиҳати таъсиси ташкилоти ибтидоӣ якдилона барои ташкили ташкилот ҷамъ омадем,
ки хушбахтона имрӯз расмӣ кунонида шуд.
Заҳмату фидокориҳои
Раиси муаззами ин ҳизби бонуфуз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,
Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳаду канор ва боиси таҳсину
офарин буда, аъзои онро низ чунин садоқату ҷоннисорӣ баҳри манфиатҳои миллат
мебояд.
Сипас, муовини Раиси
ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон зикр намуданд, ки Пешвои миллат, Раиси муаззами
ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: - “Ватанро дӯст
доштанд, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри
истиқлолият ва осудагиву ваҳдат расидан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки танҳо
ба туфайли онҳо мо метавонем давлати воқеан муқтадиру тавоноро бунёд кунем”. Ин
суханони Пешвои миллат мароми мо ҳизбиён дар роҳи ватандӯстиву созандагӣ буда,
шиори барномавии ҲХДТ- “Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ,
созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” самти
муайяншудаи фаъолияти мост.
Дар идомаи баромад
Латифзода А., тариқи овоздиҳӣ ва дастгирии иштирокчиёни маҷлиси муассисон
Ҷумъазода Мурод Хол-ро ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоии “Кончоч” интихоб
намуда, даъват ба амал оварданд, ки бо шукргузорӣ аз тинҷиву осоиштагии
мамлакатамон фаъолияти хешро дар самти таблиғу ташвиқи ғояҳои Оинномавию
Барномавии ҳизб ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлоли мамлакат идома бахшида,
барои сулҳу ҳамбастаги ҳамешагӣ саъю талош варзанд.
Ҳамзамон раиси КИ ҲХДТ
дар вилояти Суғд Исмоилзода З.М, Раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода М.Қ., оид ба
ташаббусҳои беназири Пешвои миллат дар рушди саноат, иқтисодиёт, маориф,
фарҳанг ва зиндагии шоистаи мардум маълумоти муфассал доданд. Баъд аз баррасии
масъалаҳои рӯзномаи маҷлис ба якчанд кормандон, ки барои аъзо шудан ба сафи
ҲХДТ ариза пешниҳод намуда буданд, Шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.
Дар рафти маҷлис
кормандони ҷавони Ҷамъияти саҳомӣ - Шукуров Ҷумъабой, Тағоев Умар ба музокира
буромада, аз Пешвои маҳбуби миллат изҳори сипос баён намуданд, ки барои мо,
чунин шароитҳоро фароҳам оварданд. Бо маоши баланд ва шароити хуби корӣ
фаъолият бурда, зиндагиамонро пеш бурда истодем. Ифтихор менамоем, ки имрӯз
аъзои ҲХДТ шудем, минбаъд кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки бо сари баланд кору
фаъолият намуда, дар пойдории сулҳу субот ва рӯзгори босаодати хеш, нақши
арзанда гузорем.
Муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон, Раиси
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Раиси ноҳияи
Айнӣ Муродзода Муқим Қаюм, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ Раҳимзода
Рузибой баъд аз кори маҷлис аз ҷараёни корҳои Ҷамъияти саҳомӣ дидан намуда,
баҳри беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти коргоҳ маслиҳатҳои судманд доданд.