Занон дар пешравии саноат саҳмгузоранд

2022-12-16

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ, дар ташкилоти ибтидои ҳизбии Султони Кабир ҷиҳати бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бо кормандони коргоҳ вохӯрӣ доир гардид. Зимни вохӯрӣ аз фаъолияти коргоҳи дӯзандагӣ боздид карда шуд. Ҳамзамон қайд гардид, ки ташаббуси зер барои амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва иҷрои барномаҳои давлатӣ иқдоми наҷибу созанда арзёбӣ мегардад.

Боиси зикри хос аст, ки ташкили коргоҳи дӯзандагӣ дар заминаи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон, дар чаҳорчӯбаи амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ва дар доираи солҳои 2022-2026, “Солҳои рушди саноат” ба роҳ монда шудааст. Коргоҳи дӯзандагии ташкилоти ибтидои ҳизби “Султони Кабир” дар асоси фармоиши мизоҷон сару либоси мактабӣ ва либосҳои кории соҳавӣ омода месозад. Дар ин муассиса бештар ҷавондухтарон ва занони хонашини маҳаллӣ, ки маҳорати хуби дӯзандагӣ доранд, ба кор ҷалб гардиданд.

Зинми сӯҳбат бо аҳли кормандони коргоҳ, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳ.Р. ташаббуси соҳибкорро муҳим арзёбӣ карда, бобати афзоиши маҳсулот ва ҷалби зиёдтари занони хонашин ба чунин корҳои даромаднок маслиҳатҳои муфид доданд.