ВОХӮРИИ СУДМАНД

2022-12-16

Имрӯз дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон дар асоси нақшаи муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимиятидавлатии вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вобаста ба пешгирии падидаҳои номатлуб, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, тавзеҳи мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масоили марзӣ ва ҳамзистии осоишта дар ҷомеа, таҳти Раёсати муовини Раиси шаҳри Гулистон Оқилзода Ғайрат Аҳмад вохӯрии судманд бо фаъолон ва собиқадорони ҳизб, бонувону ҷавонон баргузор карда шуд.

Дар вохӯрӣ Хуршед Назаров – дотсенти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ-бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Дилбар Бобоҷонова- дотсенти МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, Ӯғулой Умаралиева - дотсенти МДТ, Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ва Фаридуншоҳ Абдуллоев-сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр иштирок ва баромад намуданд.

Зимни баромади хеш маърӯзачиён қайд намуданд, ки нақши худшиносӣ ва ифтихори миллиро дар таърихи тамаддуни башарӣ ҳамчун пойдевори бақои миллат муайян намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид менамояд: - «Миллате, ки тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, забон, расму оин ва арзишҳои фарҳангиашро аз даст медиҳад, истиқлолияти худро пуштибонӣ карда наметавонад. Миллате, ки хотираи таърихиашро пос намедорад, хоҳ нохоҳ банди тафаккури ғуломона гашта, истиқлолияти миллиашро аз даст медиҳад. Ҳифз накардани таърихи миллат ба инкори гузашта бурда мерасонад».

Пешгирӣ намудан ва мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар тўли солҳои Истиқлоли давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии мухталиф қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд. Имрӯз мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва шомилшавии ноболиғону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав вазифаи дастаҷамъонаи на танҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки тамоми шаҳрвандони кишвар ба шумор меравад. Бетарафӣ нисбати ин падидаи номатлуб барои рушди минбаъдаи кишвар халали ҷиддӣ ворид намуда, ба ваҳдати миллӣ, истиқлоли давлатӣ ва бехатарии кишвар таҳдид менамояд. Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар ҳамбастагӣ дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардем.