ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР СОХТОРҲОИ ҲИЗБӢ

2022-12-15

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор бо кадрҳое, ки ба вазифаҳои ҳизбӣ пешниҳод гардидаанд, мулоқот намуд.

Бояд зикр намуд, ки бо пешниҳоди кумитаҳои иҷроия дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷавонони фаъолу арзанда ба вазифаҳои сохтории ҳизбӣ пешниҳод гардиданд. Зимни суҳбат иброз гардид, ки интихоби кадрҳои ҷавон барои ташаккули ғояи созандаи ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми саривақтӣ арзёбӣ мегардад.

Дар ин росто, Салимӣ Фирдавс - муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Зоидов Фаррух - роҳбари Дастгоҳи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Пӯлотова Мунзифа – мудири шуъбаи таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд;

Гулмуродзода Қумринисо - муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Ғафурзода Рухсора-мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Шодиев Дилшод-мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Расулов Азимҷон-мудири бахши омор ва махзани ягонаи электронии КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон;

Шамсиева Назригул-муовини Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод, Аҳадов Амрулло–мудири шуъбаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Файзобод ва Ғаюров Фарҳодҷон-мудири шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат интихоб гардиданд.

Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор ба кадрҳои тозаинтихоб барори кор хоста, зикр намуд, ки ҳизб аз рӯзҳои аввали таъсиси худ ба масъалаи тарбияи ҳамаҷонибаи ҷавонон ҳамчун самти муҳимтарини сиёсати давлат диққати аввалиндараҷа дода, ташаббусҳои созандаи ҷавононро пайвата дастгирӣ менамояд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки ҳамроҳ бо мардуми шарифи Тоҷикистон ва неруҳои фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ-ҷавонон, ҳадафҳои созандаи ҲХДТ амалӣ мегарданд.