Дар Душанбе озмуни «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» доир мешавад
2022-02-28
Бо мақсади амалисозии тадбирҳо вобаста ба «Бистсолаи омӯзиш ва
рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» соли 2022
миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт озмуни шаҳрии
«Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» ташкил ва баргузор карда мешавад, иттилоъ
доданд дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Озмуни мазкур бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ баргузор гардида, мақсад аз он — рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот, ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо ва дар ин замина мусоидат намудан дар касбинтихобкунии наврасон аз рӯйи ихтисос ва касбҳои ба фанҳои мазкур алоқаманд мебошад. Ҷиҳати ташкил ва баргузории озмуни мазкур аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе 383 230 (сесаду ҳаштоду се ҳазору дусаду сӣ) сомонӣ ҷудо гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас аз ҷониби Пешвои миллат солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шуд.