Ҷавонон ояндаи миллат
2022-12-15
Ҷавонону наврасон
нерӯи созанда, насли пешбарандаи ҷомеа ва тақдирсози ҳар миллату давлат маҳсуб
ёфта, ояндаи неки ҳар кишвар аз онҳо зиёд вобастагӣ дорад. Дар доираи ин мавзуъ
дар ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ вохӯрӣ баргузор гардид. Масъулон зимни
баромади хеш аз дастгирию ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои
миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба
наврасону ҷавонон алалхусус ҷавондухтарон ёдоварӣ намуда, қайд доштанд, ки дар
даврони соҳибистиқлолии мамлакат барои хонандагони муассисаҳои таълимӣ,
наврасону ҷавонони кишвар, тамоми имкониятҳо ва шароити хуби таълимӣ ва
илмомӯзӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар идома инчунин,
масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву
экстремистӣ баррасӣ гардида, аз ҷавонон ва падару модарон даъват ба амал оварда
шуд, ки фарзандонро дар руҳияи донишомузӣ, хештаншиносӣ, ҳувияти миллӣ, машғул
шудан ба варзиш, бурдани тарзи ҳаёти солим, эҳтироми волидону устодон, садоқату
муҳаббат ба халқу Ватан, бузургдошти арзишҳои миллӣ, даст назадан ба
ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ ва саҳмгузорӣ дар ободию созандагии кишвар тарбия
намоянд.
Хушбахтона, Тоҷикистон
пур аз афроди ғаюру ҷасоратманд, хирадманд, шуҷоъ аст, ки имрӯз кору пайкори
Пешвои миллатро дастгирӣ карда, садди роҳи душманони дохиливу беруни гашта,
муҷиби барҳам задани дасисаву иғвоҳои палидонаи онҳо мегарданд. Мо мардуми
сарбаланди Тоҷикистон шукронаи Ватани маҳбуб карда, барои ҳар як лаҳзаи зиндагӣ
дар ин мулки биҳиштосо хурсанду сарфароз бошем ва баҳри боз ҳам беҳтару хубтар
равнақ ёфтани кишвари хеш саҳмгузор бошем.