САМАРАНОК ИСТИФОДА НАМУДАНИ ҚИТЪАИ ЗАМИН
2022-12-15
Бо мақсади иҷрои
дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон оид ба самаранок истифода бурдани қитъаи замин, руёнидани ҳосили
такрорӣ, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲҲДТ дар ноҳияи Ҷайҳун корҳои таблиғотиро
дар ин самт боз ҳам пурзуртар намуда истодаанд.
Баҳри самаранок
истифода бурдани қитъаи замин, масъулон парвариши бодиринг ва помидорро дар
гармхона роҳандозӣ намуда истодаанд.
Имрӯз дар шаҳру
ноҳияҳои вилоят дар ҳамбастагӣ бо
масъулини ҳизбӣ
корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба вусъат додани иҷрои
дурнамои кишт ва тавсияҳои олимони соҳа оид ба захираи маҳсулотҳои аввалия доир
гардида истодаанд.
Зимни
суҳбат қайд гардид, ки аз тарафи давлат Барномаи маҷмуавии рушди соҳаи
растанипарварӣ таҳия гардида, дар он дар самти пахтапарварӣ, картошкапарварӣ,
ғаллапарварӣ, умуман тамоми намуди зироатҳо ба инобат гирифта шудааст ва тибқи
он майдони кишти зироатҳо зиёду ҳосилнокӣ фаровон гардонида мешавад. Ҳамзамон,
таъкид гардид, ки агар мардум кишти маҳсулотҳои аввалияро ба таври самаранок ба
роҳ монанд, ҳеҷ гароние дар ин самт нахоҳад шуд.
Зикр намуданд, ки меҳнаткашони ватандӯсти ноҳия саҳми беандозаи худро дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат гузошта, бозорҳои мамлакатро бо сабзавоти барвақтии тару тоза таъмин менамоянд. Дар ин радиф, бо истифода аз таҷрибаи бойи худ баробари ғановатмандии бозори истеъмолӣ, дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар, таъмини амнияти озуқавории мамлакат нақши арзанда мегузоранд. Мутахассисон мегӯянд, деҳқонони ноҳия бо парвариши зироатҳо бо истифода аз усулҳои пешқадам, тавонистаанд, ҳосили баланди маҳсулот истеҳсол намоянд