Файзи нури пир бар олам ҷавонӣ оварад

2022-12-15

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич ҷиҳати паҳн намудани таҷрибаи рӯзгору фаъолияти собиқадорони меҳнат корҳои тарғиботиву ташвиқотиро ба роҳ монда, кору пайкор ва зиндагиномаи онҳоро дар байни ҷавонон ҳамчун маслиҳатгару машваратчӣ мавриди омӯзиш қарор дода меояд.

Дар ин раванд бахшида ба 80- солагии ходими сиёсӣ, давлатӣ ва ҷамъиятӣ, Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Даврон Эргашев конференсияи илмию адабӣ таҳти унвони "Пирони хирад-пайвандгари наслҳо" дар Қасри фарҳанги ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳия баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муҳтарам Исмоилзода Зуфар Муртазохон иштирок намуданд.

Қайд карда шуд, ки Даврон Эргашев аз зумраи инсонҳое ҳастанд, ки як умр бо масъулиятшиносӣ, одоби баланди инсонӣ, кордонии садоқатмандӣ ба халқу миллат дар байни ҷомеа соҳиби обрӯву эътибори хоса мебошад. Дар ҳар вазифае, ки фаъолият намудааст, манфиатҳои ҷамъиятро аз манфиатҳои шахсӣ боло гузошта, ҳаёту фаъолияти Даврон Эргашев намунаи волои ибрату омӯзиш аст.

Ҳамчунин, аз ҷониби Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муҳтарам Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба соҳибҷашн Сипоснома ва тӯҳфаи хотиравӣ супорида шуд.