РОХҲОИ ПЕШГИРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ҶАХОНИ МУОСИР

2022-12-14

Дар ҷомеаи кунунӣ бархе аз ҷавонону наврасон бинобар сабаби каммасъулиятиву оворагардӣ ва надоштани маълумоти пурра аз таъсири оқибатҳои ноустувори шабакаҳои иҷтимоӣ побанди раванди зуҳуроти гуногуни номатлуби ҷомеа мегарданд. Аз ин рӯ, насли калонсол – падару модарон, омӯзгорон, ходимони дин, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, васоити ахбори омма ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакатро зарур аст, ки бо ҷавонон ва наврасон ҳамаҷониба ҳамкорӣ намуда, ба онҳо роҳи дурусти ба камолрасӣ ва муваффақ шуданро дар соҳаҳои мухталифи зиндагӣ нишон диҳанд. Ба онҳо собит намоянд, ки маҳз ҷавононе, ки аз таҳсил дур мондаанд ва касби муайян надоранд аз ҳама бештар бо роҳи осон ба доми афроди тундрави беватан ва ифротгаро гирифтор мешаванд.

Созмону гурӯҳҳои тафриқаангез низ бештар бо истифода аз ин омил байни ҷавонон ихтилофи мазҳабӣ паҳн намуда, ба ин васила низоъу нофаҳмиҳоро ба вуҷуд меоранд. Ин тоифа, ки асосан ташкилотчӣ ва саркардаҳои гуруӯҳҳои ифротгаро мебошанд, аз бетаҷрибагии ҷавонон истифода бурда онҳоро шомили ҳар гуна гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегардонанд. Онҳо бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғ ва беасос “ба даст овардани савоби бисёр”, “шаҳиди мутлақ гаштан” ва “дар биҳишт ҷои аз ҳама волотаринро соҳиб шудан” ҷавононро ба ҳар гуна роҳҳои барғалат мебаранд, онҳоро аз меҳри падару модар ва ватани азизи худ дур карда, вазъи ҷомеаро ноором мегардонад.

Бо дарназардошти он ки қишри зиёди ҷомеаи моро ҷавонон ташкил медиҳанд, аксари падидаҳои номатлуб ва таҳиягарони онҳо кӯшиш мекунанд, ки ба мафкураи қишри ҷавони ҷомеа таъсир расонида, қувваи бузурги онҳоро барои ҳадафҳои ғаразноки хеш истифода намоянд. Ин бошад ба ҷомеаи мо, бахусус давлатдории миллии мо хатари ҷиддӣ дорад.

Ҷавононе, ки на саводи динияшон мукаммал асту на дунявиашон, доимо гирифтори марги ноҳақ мегарданд. Онҳо ба каме ваъдаҳои бепоя ба ҷангҳои худкуш мераванд ва ҷони худро ба хатар мегузоранд. Ҳатто тасаввур ҳам карда наметавонанд, ки худкушӣ кардан ва ё хиёнат ба Модар – Ватан намудан дар дини мубини Ислом гуноҳи азимест, ки нобахшиданӣ.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намуда буданд: “Мо бояд ҳаргиз фаромӯш накунем ва ба ҷавонони имрӯза талқин намоем, ки аз оғози солҳои 90-ум халқи Тоҷикистон бо сабаби поймол гардидани меъёрҳои ҳуқуқӣ, хусусан меъёрҳои конститутсионӣ оқибатҳои даҳшатноку фоҷиабори мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бо чашми худ дидем ва ин моҷаро давлати моро қариб ба вартаи нобудшавӣ оварда расонд”.

Вазъи имрӯза зарурати муборизаи ҷиддиро ба муқобили ин қувваҳои ифротӣ ба миён меорад. Чӣ тавре ки Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид доштанд, террорист ва ифротгаро миллат ва давлат надорад. Моҳиятан чунин гурӯҳҳо ва амалҳои террористию ифротгаронаи онҳо хусусияти байналхалқӣ доранд. Ва мусаллам аст, ки амалҳои ин қувваҳо барои ҳаёти осоиштаи тамоми давлатҳои минтақа, аз он ҷумла Тоҷикистон наметавонанд бехавф бошанд. Зарур аст, ки тамоми мардуми озодихоҳи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар мубориза бар зидди чунин падидаҳои ифротӣ дастҷамъ бошанд. Имрӯз фурсате фаро расидааст, ки ҳамаи мо сиёсати хирадмандонаи Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда барои ҳимояи ватани худ аз таъриси манфии чунин амалҳои террористию экстремистӣ омода бошем.

Ашуров Хушнудҷон,

аъзои фаъоли КИ ҲХДТ

дар ноҳияи Ашт