ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “МАРВОРИД” ТАЪСИС ЁФТ

2022-12-14

Дар Муассисаи давлатии Дармонгоҳи стомотологии шаҳри Ҳисор бо иштироки Изатуллои Ҳабибзод, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор ва Нарзуллоев Музаффар, директори Муассисаи давлатии Дармонгоҳи стомотологии шаҳри Ҳисор маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии ҲХДТ баргузор гардид.

Нахуст дар Муассисаи давлатии Дармонгоҳи стомотологии шаҳри Ҳисор ташкилоти ибтидоии ҲХДТ таъсис дода шуда, номи он “Марворид” гузошта шуд.

Бо ҷонибдории аъзои ҳизб Нарзуллоев Музаффар-директори Муассисаи давлатии Дармонгоҳи стомотологии шаҳри Ҳисор, раиси ташкилоти ибтидоӣ ва Давлатзода Шаҳноза, муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Марворид” интихоб гардиданд.

Дар маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии “Марворид” Изатуллои Ҳабибзод, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор суханронӣ намуда, таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбиро дар Муассисаи давлатии Дармонгоҳи стомотологии шаҳри Ҳисор иқдоми саривақтӣ ва созгори роҳбарияти Муассисаи давлатии Дармонгоҳи стомотологии шаҳри Ҳисор арзёбӣ намуд.

Сипас, оид ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ рӯзи 30 ноябри соли 2022 ёдовар шуд.

Дар идома Изатуллои Ҳабибзод, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор оид ба вазъи бавуҷудомадаи ҷомеаи ҷаҳону минтақа, торафт мураккаб гардидани муносибатҳои кишварҳои абарқудрат, амалишавии қонунҳои миллӣ, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизби ҳаракатҳои ифротӣ, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофот, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва дигар масъалаҳои муҳим суханронӣ намуд.

Дар фаромади маҷлис Нарзуллоев Музаффар, директори Муассисаи давлатии Дармонгоҳи стомотологии шаҳри Ҳисор, раиси ташкилоти ибтидоии “Марворид” иброз дошт, ки барои татбиқи амалии Оиннома, Барнома ва дастуру супоришҳои Роҳбарияти ҲХДТ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебарем.