Дар Хоруғ шумораи ташкилоти ибтидоӣ меафзояд
2022-12-14
Дар
маъмурияти шуъбаи сохтмони асосии ВМКБ маҷлиси муассисони муассиса бо иштироки
муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ Мухтор Ҷонбеков ва сардори
шуъбаи сохтмони асосии ВМКБ Сарварзода Ҳакимӣ баргузор гардид.
Сарварзода
Ҳакимӣ ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис шинос намуда, бо тариқи райъи умумӣ
ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис ёфт ва кормандони муассиса ба узвияти ҳизб
қабул гардиданд.
Тибқи
масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлиси муассисон “Дар бораи номгузории ташкилоти
ибтидоии ҳизбӣ” бо пешниҳод ва ҷонибдории кормандон, ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ
"Сохтмончӣ” номгузорӣ гардид ва раиси ташкилоти ибтидоии навтаъсис
Сарварзода Ҳакимӣ интихоб шуд.
Қайд
гардид, ки як моҳ қалб мардуми Тоҷикистон 30-солагии Иҷлосияи 16-уми тақдирсози
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу субот ва созандагиву бунёдкорӣ
таҷлил намуданд. Зикр гардид, ки ҳамаи дастовардҳои бузурги миллати сулҳпарвари
тоҷик дар даврони навин маҳсули сиёсати хирадмандона, дурандешона ва
фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси
муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Мухтор
Ҷонбеков иброз намуд, ки муҳимтарин дастоварди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ он
буд, ки дар марҳилаи навини таърихӣ шахсияти миллию мардумиро дар симои Эмомалӣ
Раҳмон ба арсаи роҳбарӣ ва давлатдорӣ овард.
Бо
эҳсоси ифтихори бепоён ва шукргузорӣ таъкид гардид, ки саъю талошҳои беназири
Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эъмори сулҳ ва
давлатсозии миллӣ комёб гардид.
Раванди
ноил гардидан ба ризоияти миллӣ дар таърихи миллати тоҷик ҳодисаи беназир
маҳсуб меёбад ва дар ин марҳила нақши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
бениҳоят азим аст. Пешвои муаззами миллат тавонистанд, ки ғояҳои олии Иҷлосияи
16-уми Шӯрои Олиро дар амал татбиқ намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ободу пешрафта
ва дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ созанд.
Инчунин
Ҷонбеков М. вобаста ба амалӣ гардонидани ҳадафи Оиннома ва Барномаи ҲХДТ,
баланд бардоштани нуфузи ҲХДТ дар ҷомеа, танзими ҳаракати аъзои ҳизб, ба
манфиат истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ, ки имрӯзҳо иттилоот ба қудрати
муассир табдил ёфтааст, ибрози андеша намуда, зикр дошт, ки шабакаҳои иҷтимоӣ,
минбари асосии бархӯрдҳои идеологӣ ва арзишҳои миллии маҳсуб гардидаанд. Мо
ҳизбиёнро лозим аст, ки ормонҳои созандаи ҲХДТ-ро васеъ тарғиб намуда, дар
самти иттиҳоду ҳамфикрӣ талош варзем, зеро ин амал, кафолати таъмини сулҳу
субот, пешрафту тараққиёт ва минбаъд вусъат пайдо намудани корҳои созандагӣ
мебошад.
Дар
охири маҷлис ба нафароне, ки ба сафи аъзои ҲХДТ шомил шуданд, шаҳодатномаҳои
ҳизбӣ супорида шуданд.