Идомаи корҳои тарғиботӣ
2022-12-14
Гуруҳи кории Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара дар ҳайати муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
шаҳри Исфара Хоҷазода Н., мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи
дастгоҳи раиси шаҳри Исфара Юлдошева Ш. ва мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар шаҳри
Исфара Мирзоева С. дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии "Литсейи касбӣ -
техникии саноати кӯҳии шаҳри Исфара" (дар шаҳраки Шӯроб) ва "Литсейи
касбӣ - техникии нафту гази шаҳри Исфара" бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ
вохӯрӣ баргузор намуданд.
Зимни вохӯрӣ Хоҷазода
Н., Юлдошева Ш. ва Мирзоева С. мақолаи коршиноси масоили сиёсӣ Абдуллоҳи
Раҳнамо бо номи "Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари
таҷовузгар нест?" -ро шарҳ доданд.
Аз ҷумла қайд карда
шуд, ки баҳси марзии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки наздики сад сол идома
дорад, дар солҳои охир боз ҳам мураккаб гардида, имкони аз як масъалаи маҳаллию
байнидавлатӣ ба як баҳси калони минтақавӣ ва байналмилалӣ табдил ёфтани онро
боз ҳам бештар намудааст.
Ба раванди вазъи
сарҳад мавқеи зудтағйирёбандаи ҳайати расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон
таъсири манфӣ гузошта, ба таври
ғайриодилона дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ ба Ҷумҳурии Шӯравии Қирғизистон аз
ҳисоби Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон ба миқдори 211 000 гектар бе расмиёти
давлатӣ шартан қитъаҳои замин вобаста гардид.
Ҳуҷҷатҳои солҳои
1924-1927 ва 1932 ягона баста ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки дар онҳо сарҳадҳои
давлатии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба таври дақиқ ва расмӣ муайян ва
тасдиқ карда шудааст.
Яъне дар тамоми
мавҷудияти Тоҷикистон ва Қирғизистон танҳо ҳуҷҷатҳои тақсимоти миллӣ - ҳудудии
солҳои 1924-1927 ва соли 1932 тамоми расмиёти талабкардаи Конститутсияи ИҶШС аз
соли 1924-ро гузаштаанд ва танҳо ҳамин ҳуҷҷатҳо ҳамчун ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи
сарҳади давлатӣ байни ин ду ҷумҳурӣ ба ҳисоб мераванд.
Тоҷикистон сиёсати
сулҳҷӯёнаро дастгирӣ намуда, танҳо аз ҳамсоякишвари худ он заминҳое, ки шартан
дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуда буд, баргардониданашро талаб дорад.
Асосгузори сулҳу
ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами
ҲХДТ, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаи марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон доимо таъкид
менамоянд: "Баҳсӣ марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон танҳо бо роҳи гуфтушунид,
якдигарфаҳмӣ ва бо назардошти манфиати ҷонибҳо ҳал мегардад."
Ҳамзамон, дар вохӯрӣ
дар бораи тарбияи ҳарбӣ - ватандӯстии ҷавонон, ватанпарастӣ, арҷ гузоштан ба
арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ ва адо намудани хизмати Модар - Ватан,
инчунин пешгирии зӯроварӣ ва хушунат дар оила суханронӣ карда шуд.
Доир ба масъалаи
муҳокимашуда роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ баромад намуда, қайд карданд, ки
ҷомеаи меҳнатии онҳо сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро
дастгирӣ менамоянд.