ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

2022-12-14

Таҳлили инкишофи таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки дар се даҳсолаи охир кишвари мо натанҳо аз нигоҳи сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ қадамҳои устувор гузоштааст, балки дар рушди маънавиёти ҷомеа низ ба пешрафтҳои беназир соҳиб шудааст. Далели соҳиб шудан ба Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон руйдоди муҳими маънавӣ ва сиёсие мешавад, ки ба он даст ёфтанро халқи тоҷик тули даҳҳо қарн орзу мекард. Эъломияи соҳибистиқлолии Тоҷикистон омили заминавие гардид, ки дар асоси он миллати тоҷик худро озод эҳсос кард.

Ҳамқадам ба аҳли башар ва дар қолабҳои ормону орзуҳои хеш ба бунёди давлати дунявӣ демократӣ камар баст. Зеро истиқлолият забонҳои бастаро гӯё намуд ва дарҳои бастаро кушода, бо ҳидояту ташаббускорӣ ва амалҳои шоистаи Президенти муҳтарамамон Эмомалӣ Раҳмон ба худ бовар кард ва эътимод ба неруву тавони худ халқҳои Тоҷикистонро водор сохт, ки баҳри сохтмони ҷомеаи соҳибмаърифат ҷадал намояд. Барои ба ин қадар ҳадаф расидани халқҳои Тоҷикистон манфиату Ватану миллатро пеши рӯ оварда, ҳамдилу ҳамфикр шуданд. Ин равандро комёб шудан ба сулҳи сартосарӣ ва Ваҳдати миллӣ тезонид. Хирад дар амал ва ҳастии ҷомеа ҷойи ҷаҳолатро гирифт.

Ваҳдати миллӣ асоси андешаи миллӣ гардида, ба инкишофи худшиносӣ мусоидат намуд. Месазад зикр кард, ки худшиносии миллии тоҷикон дар заминаи инсонпарварӣ зуҳур намуда, манфиатҳои тамоми халқҳои Тоҷикистонро ифода мекунад. Зеро дар мафкура ва андешаи халқи тоҷик зуҳуроти бадбинии инсон аз қадим то имрӯз вуҷуд надорад. Ва шоҳбайти ҷовидонаи устод Мирзо Турсунзода ба таври равшан нишон медиҳад. Халқи олам бо мо дӯст гаштааст, Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун. Ин маънии бисёр воло ва фарогир, ки бо қонуну санадҳои бузургдошти башарии инсон аст, дар давоми таърих ҳамеша омили муайянкунандаи андешаву хиради халқи тоҷик арзёби мешавад. Ва таърих гувоҳ аст, ки худшиносӣ категорияи фалсафӣ буда, ба халқи тоҷик хос аст.

Аз ин нуқтаи назар таърихи пайдоиши аввалин давлати миллӣ-давлати Сомониёнро пеши рӯ биорем мебинем, ки маҳз шинохти худ амирони Сомониро ҳидоят кард ба эҳёи давлатдорӣ, фарҳанг ва забони миллӣ ва дар ин асос давлатдории миллӣ низ инкишоф ёфта, дар тӯли зиёда аз 100-сол аз давлатдории Сомониён мероси маънавие дар бойгонии таърих маҳфуз монд, ки дар давоми даҳ қарни баъдӣ дар таҳкурсии он халқу миллатҳои дигар ба он такя карда, давлатдорӣ карданд. Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавони рӯй бар ин ганҷ неҳ. Ин гуфтаи устод Рӯдакӣ далели раднопазири илмию адабист, ки миллати тоҷикро худшиносиаш ба ҷаҳониён муаррифи кардааст. Ва маънавиёти миллати мо асос бар хирад ва инсонпарварӣ доштааст.

Дар замони пеш аз Сомониён, дар давраи давлатдории Кушониён низ нишонаҳои худшиносии миллати мо ба чашм мерасанд. Миёнаҳои солҳои 90-уми асри 20 дар Сурхкӯтал-ном мавзеъ, воқеъ дар вилояти Бағлони Афғонистон бостоншиносон дахмаи шоҳони Кушониро кашф карданд ва аз он дастхатҳои он замонро пайдо карданд. Канишка-шоҳи кушониро бо забони юнони не, бо забони худамон нависед, омадааст дар бозёфтҳои бостоншиносӣ. Яъне ҳувиятхоҳи ва шинохти худ ҳамеша ҷавҳари асосии худмудофиавӣ дар тинати халқи тоҷик будааст. Пешвои муаззами миллат ин далелҳои раднопазири таърихиро асос карда, насли ҷавони имрӯзро ба омӯзиши таърих ҳидоят мекунанд ва доимо таъкид месозанд, ки дар сохтмони давлати навини хеш мо аз таҷрибаи таърих истифода барем.

Барҳақ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохтмони давлати дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистон аз таҷрибаи таърих кор гирифтаанд. Ин омил дар сохтмони маънавиёти ҷомеа ҳам бараъло ба назар мерасад. Нигоҳе ба сиёсати фарҳангдӯстонаи Президенти мамлакат нишон медиҳад, ки Пешвои миллат барои ба насли наврас ва ҷавон фароҳам кардани шароити созгори шинохти худ ҷашнвораҳои бузургони миллатро дар замони соҳибистиқлолӣ роҳандозӣ кардаанд. Адибони ҷаҳоншинохтаи тоҷик Рӯдакӣ Фирдавсӣ, Мавлоно, Камоли Хуҷандӣ ва дигарон ба мардум муаррифӣ шуда, арҷгузорӣ ба забони тоҷикӣ ба таври бесобиқа дар замони соҳибистиқлолӣ муяссарамон гардид.

Қишрҳои мухталифи ҷомеаи имрӯзаамон аз гузаштаи пурифтихорамон огоҳ шуда, дар оинаи таърих симои аслии гузаштагони худро диданд. Бузургдошти Эмоми Аъзам- асосгузори мазҳаби Ҳанафия, Эмом Ал-Бухорӣ ва ҷашнвораи 1100-солагии давлати Сомониён нақши миллати тоҷикро дар таърих ва олами ислом рӯнамо карданд ва ифтихормандии миллатро ба маротиб афзуданд. Ин ҳама далелҳое, ки зикр шуд бешубҳа, файзи соҳибистиқлолии мост ва бевосита ба бедории миллӣ ва ривоҷи худшиносии миллӣ муносибати амиқ дорад. Ҳамчунин қабули қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки дар муҳити нави сиёсӣ ба вуқуъ пайваст омили муҳими худшиносии миллӣ ва самараи соҳибистиқлолӣ аст. Имрӯз тоҷиконро дар тамоми гӯшаҳои ҷаҳон забони тоҷикӣ пайванди меҳру эътиқод ба якдигар ва Тоҷикистон бахшидааст. Метавон ба таври хулоса Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди худшиносии миллиро густариш бахшида, Тоҷикистонро ба марзи огаҳӣ ва шоҳроҳи тараққиёту пешрафт баровард ба ҷаҳониён арзанда муаррифи кард.

Иброҳимзода Неъматулло Абдусалом,

раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар