РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД ДАР ҚИСМҲОИ ҲАРБӢ

2022-12-13

Бо мақсади ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо ҷалби ҷавонон ва аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Ватандӯстӣ ва амнияти миллӣ асоси сиёсати давлат” ва “Артиши миллӣ-сипари боэътимоди Ватан” баргузор намуда, дар доираи он аз қисмҳои ҳарбии ҳарбии №07746 воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон, қисми ҳарбии №45025 воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, қисми ҳарбии № 0216 воқеъ дар деҳаи Зарчашмаи шаҳраки Адрасмон ва қисми ҳарбии №0216 воқеъ дар шаҳраки Навгарзан дидан намуданд.

Зимни сухбат ёдоварӣ гардид, шароити хуби хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ теъдоди зиёди ҷавононро бо хоҳиши худ ба ҳимояи марзу буми Ватан ҷалб месозад. Ҳамзамон, дар шаҳру ноҳияи кишвар корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва омодагии ҳарбии ҷавонон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Гузашта аз ин, омилҳои вусъатбахши худшиносӣ ва меҳанпарастии ҷавонон дар ростои сиёсати кунунии давлату ҳукумат кор дода истодаанд. Бовар дорем, ки ҳисси баланди масъулиятшиносӣ нисбат ба ҳифзу ҳимояи марзу буми Ватанро ҷавонон аз вазифаҳои муҳимми худ дониста, баъд аз гирифтани даъватнома барои хизмат сари вақт ҳозир мешаванд.