Захираи маводи ғизоӣ

2022-12-13

Сокинони ноҳия имрӯзҳо барои зимистонгузаронии серу пур маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқ: хурмо, каду, нахуду зағер, пиёзу картошка ва меваҷотро дар шакли тару хушк захира намуда истодаанд. Нигаҳдории маҳсулот дар зарфҳои шишагӣ як роҳи хуби захира намудани хӯришҳо аз меваҷот аст, ки сокинони диёр аз он самаранок истифода мебаранд.

Тибқи нақша- чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш бо усули гардиши “Хона ба хона”, масъулини кумитаи иҷроия рӯзи 12-декабри соли ҷорӣ аз маҳсулоти захиравии сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ дидан намуданд. Кормандони Кумитаи иҷроия барои хуб нигоҳ доштани маҳсулот ба сокини деҳа маслиҳати зарурӣ доданд.

Бояд гуфт, ки қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ қатъӣ риоя гардида, занону духтарони ҷавон аз рӯи тавсияи нафарони соҳибтаҷриба амал менамоянд. Барои захираи маҳсулот қариб аз ҳамаи намуди меваю сабзавоти дар минтақа парваришёфта, инчунин ҳосили зироати сабзавотӣ истифода ва дар ин хонадон коркардшуда, бо риояи қоидаҳои муқарраргардида захира мешаванд. Маҳсулоти омодагардида дар таҳхона, ки дараҷаи ҳарорат дар он мувофиқи матлаб аст, захира ва нигоҳ дошта мешавад.

Мавриди зикр аст, ки ҳамаи маҳсулоти захиранамудаи ин хонадон маҳсули дастранҷашон мебошад. Дар замини наздиҳавлигӣ қариб ҳамаи намуди меваҷоту сабзавот, аз қабили шафтолу, зардолу, олу, гелос, олуча ва помидору бодиринг парвариш гардида, аз он самаранок истифода бурда мешавад. Имрӯз масъулини хоҷагии ёрирасон маҳсулотҳои кишткардаи худро барои зимистон захира намуда истодаанд ва ҷамъоварии маҳсулот идома дорад. Баробари оғоз гардидани ҷамъоварии ҳосил дар минтақа аъзои оила нақша доранд, ки дар ин ҷода боз ҳам бештар корбарӣ намоянд.