Мақоми зан дар ҲХДТ

2022-12-13

Тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод, мизи мудаввар таҳти унвони "Мақоми зан дар ҲХДТ" ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа", ҷалби бештари ҷавондухтарон ба корҳои ободкориву созандагӣ, ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии амалҳои номатлуб байни духтарон, бо иштироки мудири шӯъбаи занони КИ ҲХДТ дар ноҳия, омӯзгорон ва донишҷӯдухтарони ташкилоти ибтидоии "Касбомӯз" баргузор гардид. Дар баромад зикр гардид, занону модарон ва бонувони тоҷик дар тарбияи насли солими миллати тоҷик, ҳифзу нигаҳдори фарҳанг, забон ва урфу одат масъулияти баландро ба уҳда доранд.

Ҳамзамон, дар бунёди ҷомеаи демократии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба маърифати зан таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Ба ин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ва паёмҳои ҳарсолаашон ба масъалаи баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа диққати ҳамагонро ҷалб месозанд. Зеро занон дар ҷомеаи Тоҷикистон 50 фоизи аҳолиро ташкил карда, дар пешрафти соҳаи мухталифи хоҷагии халқи мамлакат нақши муассир мебозанд.

Дар ин радиф, ҲХДТ ба масъалаи ҷалби занону ҷавонон ва духтарони соҳибмаърифату болаёқат ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ ҳамчун неруи тавоно ва пешбаранда таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои ҳамоҳанг  намудани фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва ҳалли мушкилоти аъзои ҷомеа кӯшиш мекунад.