Дидорбинӣ аз қисми ҳарбии 0104-и дидбонгоҳи сарҳадии “Гулистон”
2022-12-12
Дар асоси барқияи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии моддӣ ва маънавии афсарону сарбозоне, ки ба ҳифзу ҳимояи Модар –Ватан машғуланд, дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ибтидоии “Омӯзгорон” дидорбинии афсарону сарбозони дидбонгоҳи сарҳадии қисми низомии 0104-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, воқеъ дар марз бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.
Дар иқдоми мазкур
Изатуллои Ҳабибзод – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор, Давлатзода
Ҷамила - раиси ташкилоти ибтидоии “Омӯгорон”, вакили Маҷлиси вакилони халқи
шаҳри Ҳисор ва аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”
ширкат намуданд.
Дар назди афсарону
сарбозон Изатуллои Ҳабибзод – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор
суханронӣ намуда, паёми Раиси шаҳри Ҳисор, аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ
дар шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбарро ба афсарону сарбозон ироа намуд.
Гуфта шуд, ки сарҳади
давлатӣ ин номусу шукӯҳи давлатдорӣ аст, дар ҳифзи сарҳадӣ чун сипар бояд истод
то ин, ки сулҳу субот дар Ватан доимӣ бошад.
Қайд гардид, ки бо
шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу
ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароит дар қисмҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат
беҳтар гардида, ҷавонони ҷисман обутобёфта дар тан либоси ҳарбӣ ба бар намуда,
қарзи фарзандии худро дар назди Ватан сарбаландона иҷро намуда истодаанд.
Изатуллои Ҳабибзод –
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор дар идома оид ба вазъи мураккаб ва
пешгӯйинашавандаи ҷомеаи ҷаҳон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки таҳдиду хатарҳои
замони муосир нисбати пойдории истиқлолияти баъзе давлатҳо хеле зиёд гардида,
ҷомеаи ҷаҳонро ба таҳлука гирифтор намудааст.
Таъкид шуд, вазъи
минтақа ҳамоно пешгӯйинашаванда буда, аз ҳар як афсару сарбоз ва дар маҷмӯъ аз
ҳар як шаҳрванд зиракии сиёсиро талаб менамояд. Таъкиди ҳамешагии Асосгузори
сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зеҳну шуури ҳар яки мо бояд ҷой дошта бошад. Дар
ғафлат намонем, хотирҷамъ набошем, зеро авзои ҷаҳон ва минтақа то ҳанӯз
мураккаб боқӣ мемонад.
Дар суханронии худ
Давлатзода Ҷамила- раиси ташкилоти ибтидоии “Омӯгорон”, вакили Маҷлиси вакилони
халқи шаҳри Ҳисор зикр намуд, ки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии мамлакат
ҳисси баланди ватандӯстиро доро мебошанд, ки мо чунин ҷавонони бонангу номусро
дар сафҳои Қуввваҳои Мусаллаҳи мамлакат мебинем ва бо онҳо ифтихор менамоем.
Дар фаромад аз ҳар як
сарбоз даъват ба амал оварда шуд, ки дар сафи Артиши миллӣ садоқатмандона
хизмат намуда, бо сари баланд ба назди волидайн баргарданд ва барои сафарбар
гардидани ҷавонон аз шароитҳои муҳаё гардида, дар қисмҳои ҳарбӣ иттилоъ
расонанд.
Дар доираи иқдоми
мазкур ба сарбозон як миқдор ширинӣ, меваҷот ва нушокиҳои табии ватанӣ тақдим
карда шуд.
Дар шаҳри Ҳисор иқдоми
мазкур дар арафаи соли нави мелодии 2023 идома меёбад.