Маҷлиси тантанавӣ дар ташкилоти ибтидоии хизбии "Истиклолият"

2022-12-12

Тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ, бахшида ба 28-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи “Ҳафтаи ҳизб”, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Истиклолият" бо иштироки Раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ Зунайда Раҷабова, муовини раиси вилоят ва ҳамзамон, Раиси ташкилоти ибтидоии хизбии "Истиклолият" Нилуфар Асламшоева маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа ҳамчунин роҳбарони як қатор идораву муассисаҳои вилоят ва собиқадорон иштирок намуданд.

Масъулини Кумитаи иҷроия дар вилоят ҳозиринро ба муносибати 28-солагии таъсисёбии ҲХДТ табрику муборакбод намуда, оид ба ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии ҲХДТ, ташаббусҳои созандаи ҲХДТ ибрози андеша намуд. Инчунин қайд карда шуд, ки ҲХДТ ҳамчун зодаи даврони истиқлоли кишвар бо мақсади ифодаи азму иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон таъсис ёфта, маҳз бо рисолати мардумсолорӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва тарғиби ғояҳои бузурги ватандӯстиву худшиносӣ дар ҷомеа мавқеи сазовори худро пайдо намуд.

Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ фаъолияти ҳизбро мавриди таҳлил қарор дода, оид ба дастовардҳо ва камбудиҳои ҷойдошта дар самти ташвиқу тарғиб дар фазои иттилоотӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд. Раиси вилоят қайд доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун ҳизби созанда бо татбиқи ҳадафҳои барномавии худ дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ пайваста саҳм гузошта, шаҳрвандонро ба созандагиву бунёдкорӣ ва ободонии мамлакат сафарбар менамояд.

Дар анҷоми чорабинӣ ба муносибати ин санаи ифтихорӣ, якчанд собиқадорони ҳизбӣ бо тӯҳфаҳои Раиси ВМКБ ва Сипосномаи Раиси Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар ВМКБ қадрдонӣ гардиданд.