ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН – ҲИЗБИ ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ

2022-12-12

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бахшида ба 28- солагии Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон - Раъно Ҳошимзода, роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фирдавс Салимӣ, собиқадорон, фаъолони ҳизб, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, занону ҷавонон ва аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ҳамоиш таҳти унвони “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-ҳизби ормонҳои миллӣ” баргузор намуд.

Бо садо додани Суруди миллӣ ҳамоиш оғоз ёфт. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода меҳмонон ва иштирокчиёни ҳамоишро хайрамақдам намуда, ибрози сухан намуд, ки Тоҷикистон пас аз даргириҳои ҷанги таҳмилии солҳои 90-ум, пас аз маҳрумиятҳо бо роҳбарии вориси содиқи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳрамони миллати тамаддунофар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озими шоҳроҳи созандагӣ гардид, давлатдории миллиро эҳё намуд, асолату рисолати хешро шинохт, муттаҳиду сарҷамъ шуд, рушду шукуфоӣ ёфт, нуфуз ва эътибораш ба пораҳои дунё парчам зада, имрӯзҳо 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ботантанаву шукӯҳи беназир ҷашн гирифт.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки маҳз дар замони Истиқлолияти кишвар арзи ҳастӣ намуд, дар ин роҳ хизматҳои арзандаи бесобиқа гузошт ва гузошта истодааст. Сиву як соли Истиқлолияти давлатӣ аз корномаҳои миллати тоҷик дарак дода, бурду бохтҳо, кору пайкорҳои мардуми тоҷик барои наслҳои имрӯз дар таҳкими сулҳу ваҳдат ва устувории давлатдорӣ, ҳуввияти миллӣ, вусъати корҳои давлатдорию бунёдкорӣ намунаи ибрати дигар халқияти кишварҳо гардид.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошизода ва баромадкунандагони ҳамоиш бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво саҳми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар раванди барқарор намудани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ хело назаррас арзёбӣ намуданд. Дар поёни ҳамоиш пешқадамони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ки ба сафи ҲХДТ қабул гардиданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуда, фаъолон бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон қадрдонӣ карда шуданд.