Тантанаҳои ҷашнӣ дар Ашт
2022-12-12
Бо
иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар
Муртазохон, Раиси ноҳияи Ашт Муҳаммадзода Шуҳрат, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт
Каримзода Хушнуд Каримӣ, аъзои Раёсат ва Комиҷроия, раисони ташкилотҳои
ибтидоӣ, вакилони вилоятӣ, ноҳиявӣ, ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди
Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар толори МИҲД-и ноҳияи Ашт ба ифтихори 28
–солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир
гардид. иштирок доштанд.
Чорабиниро
раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд Каримӣ ҳусни оғоз бахшид. Зимни
суханронӣ Раиси ноҳияи Ашт Муҳаммадзода Шуҳрат ба сухан баромада, тамоми
ҳизбиёни ноҳияро ба ҷашни пуршукӯҳи 28-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон таҳният намуда, зикр карданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи
муборизаҳои шадиди сиёсӣ, зиндагии душвори сокинони кишвар ба майдони мубориза
ворид гардида, марҳилаҳои вазнинро тай намуд, обутоб ёфт ва дар ҷомеа мақом
пайдо кард.
Ҳамчунин,
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон аз номи
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд кулли ҳизбиёни ноҳияро ба ин рӯзи
таърихии кишвар, табрик намуда, доир ба таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон, ки сиёсати онро мардум тарафдорӣ мекунанд, тавассути фаъолияти
бунёдкорона ва татбиқи барномаи худ, бо дарки масъулияти зиёд ва қудрати зеҳнии
аъзо, бо дастгирии неруҳои дигари сиёсию ҷамъиятӣ дар бартараф намудани
ихтилофҳои дохилӣ, ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ нақши ҳалкунанда бозидааст, изҳори
андеша карданд.
Дар
навбати худ раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Каримзода Хушнуд Каримӣ оид ба таъсисёбии
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт ва дастоварду фаъолияти пурсамари кумиҷроияи ноҳиявӣ дар
давоми 28-сол, ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкурро, ки пеш аз ҳама муттаҳиду
сарҷамъ сохтани аҳли ҷомеа, ташвиқу тарғиби ғояҳои созандаи ҳизб, шукрона аз
сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҳизбамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —
Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои
ҳизбиён дар тӯли 28 сол ва саҳмгузорӣ дар раванди бунёдкорию созандагӣ мебошад,
сухан намуда, тамоми ҳизбиёни ноҳияро ба ин ҷашни ҳумоюнии кишвар табрик намуд.
Дар
анҷоми қисми тантанавии чорабинӣ Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шуҳрат аз ҷониби КИ
ҲХДТ дар вилояти Суғд бо Медали ҷашнӣ бахшида ба 28-солагии Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
Ҳамзамон,
якчанд нафар фаъолону собиқадорони ҳизб аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
вилояти Суғд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ва Кумитаи иҷроияи
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт бо сипосномаҳо ва тӯҳфаҳои
хотиравӣ қадршиносӣ карда шуда, ба 10 нафар аъзои нав ба сафи ҳизб қабулгардида
ва 10-нафар аъзои навқабулгардида ба ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар вазъияти
тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ва “Созандагони Ватан”-и назди КИ ҲХДТ дар
ноҳияи Ашт супорида шуд.
Пас
аз анҷоми қисми тантанавии чорабинӣ барномаи фарҳангии омоданамудаи бахши
фарҳанги ноҳия ба муносибати 28-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон ба чорабинӣ ҳусни тозае зам намуд.