ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ БОХТАР
2022-12-10
Имрӯз ба муносибати 28
-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар толори Донишгоҳи
давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳамоиши ҳизбӣ баргузор гардид, ки дар он
роҳбарону фаъолони ташкилоту муассисаҳои вилоятию шаҳрӣ, Кумитаҳои иҷроияи ҳизб
дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтар, ихтиёриёни ҷавони ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва
донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳи мазкур иштирок доштанд.
Ҳамоишро бо сухани
табрикотӣ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти
Хатлон, Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода ифтитоҳ бахшид. Нахуст муовини раиси
вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ суханронӣ намуда, аз нақши ҲХДТ дар бунёди ҷомеаи
соҳибистиқлоли Тоҷикистон ёдовар гардид. Мавсуф иброз дошт, ки дар партави
сиёсати хирадмандони Раиси муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа миёни сокинони
кишварамон маҳбубияти зиёд пайдо намуд.
Баъдан, Раиси Кумитаи
иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Миралиён
Қиёмиддин Абдусалимзода ба сухан баромада, оид ба таърихи таъсисёбии ҲХДТ ва
марҳилаҳои муҳими тайнамудани ин нерӯи пешбарандаи ҷомеа, ки дар рушду
ташаккули минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши меҳварӣ дорад, ибрози
андеша намуд.
Мавсуф иброз дошт, ки
идеяи таъсиси Ҳизби Халқии Тоҷикистон, ки фарогири тамоми ҳадафу манфиатҳои
ояндасози давлат ва миллат арзёбӣ мегардад, ҳанӯз моҳи ноябри соли 1992 дар
доираи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари ҷавони
кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида буд.
Баъдан, дар таърихи
12-уми июни соли 1993 Кумитаи тадорукотӣ таъсис дода шуд, ки пайравони содиқи
Роҳбари давлат ҳуҷҷатҳои ташкилии ҳизбҳои навтаъсиси демократии Руссия, Ҳизби
Сотсиал демократи Олмон, Ҳизби демократии ИМА ва як қатор ҳизбу ҳаракатҳои
сиёсии дунёро омӯхта, ба хулосае омаданд, ки ҳизби ифодагари орзуву ормонҳои
мардуми Тоҷикистон бояд моҳияти халқиву демократӣ дошта бошад. Бинобар ин, дар
арафаи омодагӣ ба Имзои созишномаи сулҳу ваҳдати миллӣ санаи 25-уми июни соли
1997 Анҷумани 3-юми Ҳизби Халқии Тоҷикистон доир гардида, ба номи ин ҳизби
сиёсӣ вожаи “Демократия” илова гардида, он ба унвони Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон ба расмият дароварда шуд.
Зикр гардид, ки дар
тӯли 28 соли арзи ҳастӣ доштани ин нерӯи бузург бо ташаббуси аъзои фаъол,
ҷонибдорон ва дигар соҳибкорону сокинони саховатманд, дар саросари кишварамон,
аз ҷумла вилояти Хатлон корҳои бузурги ободонӣ анҷом дода шудааст.
Дар идомаи суханронӣ
Миралиён Қиёмиддин Раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб афзуд, ки Кумитаи
иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон тайи солҳои охир
бо навоварию ташаббусҳои созандааш чи дар сатҳи ҷумҳурӣ ва чи дар сатҳи вилоят
ба дастовардҳои зиёд ноил гардида истодааст. Аз ҷумла, тайи ин муддат Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар вилоят бо рӯи кор овардани 28 ташаббуси созанда, аз ҷумла
низоми ҳавасмандгардонии фаъолияти идоракунӣ- “Рейтинги ҳизбӣ”, Аксияи ҳизбии
“Якҷоя месозем!”, Амалиёти муштараки ҳизбӣ таҳти унвони “Рӯзи ёдоварӣ”,
электроникунонии фаъолият, татбиқи ҳукумати электронӣ, конференсияҳои
байналмилалии илмию амалии “Мактаби сиёсии Пешвои миллат”, Маҷаллаи илмию
таҳлилии “Мактаби сиёсии Пешвои миллат” ва ворид намудани он ба китобхонаи
илмию электронӣ Elibrary.ry, таъсиси Маркази илмию тадқиқотии “Мактаби сиёсии
Пешвои миллат” (ташаббус/пешниҳод), Маркази тренингӣ барои кормандони ҳизбӣ,
хоҷагиҳои ёрирасон дар назди Кумитаҳои иҷроия (ташаббуси КИМ ҲХДТ), амалиёти
муштарак бо соҳаи маориф “Соати сиёсӣ” ва “Мактаби ман” дар пешрафту ободии
Ватан ва таъмини зиндагии шоистаи мардум саҳми арзанда дорад. Лозим ба
ёдоварист, ки бо дарназардошти самаранокии натиҷаҳои ташаббуси навбатии Кумитаи
иҷроияи вилоят- Рейтинг ҳизбӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ пазируфта шуда, бо Фармоиши
Муовини якуми Раиси ҲХДТ ин ташаббус дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар
роҳандозӣ гардид.
Ҳамчунин давоми солҳои
охир тамоми Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон соҳиби
биноҳои наву замонавӣ ва нақлиёти хизматӣ гардиданд.
Тибқи иттилоъ ба
ҳолати 1 декабри соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон теъдоди ташкилотҳои ибтидоии
ҳизбӣ 2 ҳазору 767 адад ва шумораи аъзои ҳизб бошад 185 ҳазору 887 нафарро
ташкил медиҳад.
Дар чорабинӣ ҳамчунин
Сиҷоудин Саломзода, узви КИМ ҲХДТ ва раиси шаҳри Бохтар Аҳмадҷон Ализода, Раиси
Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Дилноза Шоева мудири шуъбаи кор бо
ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб оид ба нақши ҲХДТ дар рушду
пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи сиёсати давлатӣ ва роҳнамоии ҷомеаи
шаҳрвандӣ ба корҳои бузурги ободониву созандагӣ изҳори андеша намуданд.
Дар идомаи чорабинии
бахшида ба Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ аз ҷониби Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва
Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб як қатор собиқадорону фаъолони ҲХДТ, ки дар рушди
кумитаҳои иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва муаррифии шоистаи ҳизб миёни
ҷомеа саҳми босазо доранд, бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳои Кумитаи Иҷроияи
Марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон қадрдонӣ карда шуданд.
Шуъбаи иттилоот ва
матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон