ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ.
2022-12-10
Имрӯз ба муносибати 28
-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар толори қасри
фарҳанги ноҳия ҳамоиши ҳизбӣ баргузор гардид, ки дар он раиси ноҳияи Дӯстӣ,
Нишонзода Даврон Назаралӣ, роҳбарону фаъолони ташкилоту муассисаҳо, ташкилотҳои
ибтидоии ҳизбӣ, ихтиёриёни ҷавони ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ва омӯзгорони ҷавон
иштирок доштанд.
Ҳамоишро бо сухани
табрикотӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Қурбонов Абдулҳафиз
ҳусни оғоз бахшид.
Сараввал раиси ноҳияи
Дӯстӣ суханронӣ намуда, аз нақши ҲХДТ дар бунёди ҷомеаи соҳибистиқлоли
Тоҷикистон ёдовар гардид. Мавсуф иброз дошт, ки дар партави сиёсати
хирадмандони Раиси муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои
миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа миёни сокинони кишварамон маҳбубияти
зиёд пайдо намудааст.
Сипас, раиси Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Қурбонов Абдулҳафиз баромад карда, оид ба таърихи
таъсисёбии ҲХДТ ва марҳилаҳои муҳими тайнамудани ин нерӯи пешбарандаи ҷомеа, ки
дар рушду ташаккули минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши асосӣ дорад,
ибрози андеша намуд.
Номбурда иброз дошт,
ки идеяи таъсиси Ҳизби Халқии Тоҷикистон, ки фарогири тамоми ҳадафу манфиатҳои
ояндасози давлат ва миллат арзёбӣ мегардад, ҳанӯз моҳи ноябри соли 1992 дар
доираи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари ҷавони
кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида буд. Бинобар ин, дар арафаи
омодагӣ ба Имзои созишномаи сулҳу ваҳдати миллӣ санаи 25-уми июни соли 1997
Анҷумани 3-юми Ҳизби Халқии Тоҷикистон доир гардида, ба номи ин ҳизби сиёсӣ
вожаи “Демократия” илова гардида, он ба унвони Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон ба расмият дароварда шуд.
Зикр гардид, ки дар
тӯли 28 соли арзи ҳастӣ доштани ин нерӯи бузург бо ташаббуси аъзои фаъол,
ҷонибдорон ва дигар соҳибкорону сокинони саховатманд, дар саросари кишварамон
аз ҷумла дар ноҳияи Дӯстӣ корҳои бузурги ободонӣ анҷом дода шудааст.
Аз ҷумла санаи 28
октябри соли 2021 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,
Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
бинои Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Дӯстӣ ба истифода дода шуд, ки ин барои
мо ҳизбиён туҳфаи олӣ ба ҳисоб меравад. Инчунин Раиси муаззами ҳизб ба Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ як нақлиёти хизматӣ туҳфа намуданд.
Дар идомаи чорабинии
бахшида ба Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи
Дӯстӣ, як қатор собиқадорону фаъолони ҲХДТ, ки дар амалишавии ҳадаф ва
барномаҳои ҳизб саҳми арзанда гузоштаанд, бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳои
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ноҳияи Дӯстӣ
қадрдонӣ карда шуданд.
Дар қисми фарҳангии
чорабинӣ барномаи консертии ҳунармандони қасри фарҳанги ноҳия пешкаши ҳозирон гардонида
шуд, ки саршор аз таронаҳои ватандӯстона буд.