ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ БОХТАР

2022-12-09

Имрӯз ба муносибат 28 –солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар толори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳамоиши ҳизбӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарону фаъолони ташкилоту муассисаҳо, Кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтар, ихтиёриёни ҷавони ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳи мазкур иштирок доштанд.

Ҳамоишро бо сухани табрикотӣ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода ифтитоҳ бахшид. Нахуст, муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ суханронӣ намуда, аз нақши ҲХДТ дар бунёди ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон ёдовар гардид. Мавсуф иброз дошт, ки дар партави сиёсати хирадмандони Раиси муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа миёни сокинони кишварамон маҳбубияти зиёд пайдо намуд.

Баъдан, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода ба сухан баромада, оид ба таърихи таъсисёбии ҲХДТ ва марҳилаҳои муҳимми тайнамудаи ин нерӯи пешбарандаи ҷомеа, ки дар рушду ташаккули минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши меҳварӣ дорад, ибрози андеша намуд.

Мавсуф иброз дошт, ки идеяи таъсиси Ҳизби Халқии Тоҷикистон, ки фарогири тамоми ҳадафу манфиатҳои ояндасози давлат ва миллат арзёбӣ мегардад, ҳанӯз моҳи ноябри соли 1992 дар доираи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари ҷавони кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида буд.

Баъдан, дар таърихи 12-уми июни соли 1993 Кумитаи тадорукотӣ таъсис дода шуд, ки пайравони содиқи Роҳбари давлат ҳуҷҷатҳои ташкилии ҳизбҳои навтаъсиси демократии Руссия, Ҳизби Сотсиал демократи Олмон, Ҳизби демократии ИМА ва як қатор ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии дунёро омӯхта, ба хулосае омаданд, ки ҳизби ифоодагари орзуву ормонҳои мардуми Тоҷикистон бояд моҳияти халқиву демократӣ дошта бошад. Бинобар ин, дар арафаи омодагӣ ба Имзои созишномаи сулҳу ваҳдати миллӣ санаи 25-уми июни соли 1997 Анҷумани 3-юми Ҳизби Халқии Тоҷикистон доир гардида, ба номи ин ҳизби сиёсӣ вожаи “Демократия” илова гардида, он ба унвони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба расмият дароварда шуд.

Зикр гардид, ки дар тӯли 28 соли арзи ҳастӣ доштани ин нерӯи бузург бо ташаббуси аъзои фаъол, ҷонибдорон ва дигар соҳибкорону сокинони саховатманд, дар саросари кишварамон аз ҷумла вилояти Хатлон корҳои бузурги ободонӣ анҷом дода шудааст. Аз ҷумла, давоми солҳои охир тамоми Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон соҳиби биноҳои наву замонавӣ ва нақлиёти хизматӣ гардидаанд.

Дар чорабинӣ ҳамчунин Сиҷоудин Саломзода, узви КИМ ҲХДТ ва раиси шаҳри Бохтар Аҳмадҷон Ализода, Раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Дилноза Шоева мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб оид ба нақши ҲХДТ дар рушду пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи сиёсати давлатӣ ва роҳнамоии ҷомеаи шаҳрвандӣ ба корҳои бузурги ободониву созандагӣ ибрози андеша намуданд.

Дар идомаи чорабинии бахшида ба Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ аз ҷониби Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб як қатор собиқадорону фаъолони ҲХДТ, ки дар рушди кумитаҳои иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва муаррифии шоистаи ҳизб миёни ҷомеа саҳми босазо доранд, бо Ифтихорнома ва Сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.