ҲХДТ НЕРӮИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕАИ МУОСИР

2022-12-09

Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншоҳ Назаршоев таҳти унвони “ҲХДТ нерӯи пешбарандаи ҷомеаи муосир” конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид.

Дар чорабинии мазкур Раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ Соҳибҷон Имомназаров, ректори ДДХ ба номи М.Назаршоев Комилбек Амид Ёрбек, устодон, донишҷуён ва аъзои фаъоли ҳизб иштирок намуданд.

Конфронсро ректори донишгоҳи номбурда Комилбек А.Ё. оғоз бахшида, зикр кард, ки мақсаду мароми асосии ин ҳизб сарҷамъу муттаҳид кардани миллати тоҷик ва тамоми нерӯҳои созандаву солимфикри ҷомеа, баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва ватандӯстиву ватанпарварии мардуми кишвар аст, ки бахотири барпо кардани давлати соҳибихтиёру демократӣ ва аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ пешрафта ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба ҳар як шаҳрванди мамлакат маҳсуб меёбад.

Дар идома гуфта шуд, ки баъд аз ба даст овардани Истиқлоли миллӣ дар кишвар давраи печидае ба амал омада ҷанги таҳмилӣ оғоз ёфт. Замоне, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар минтақаҳои кишвар шиддат меёфт ва мардум мунтазири паёми сулҳу субот ва шукуфоӣ буданд, зарурати таърихӣ барои таъсис додани ҳизби сиёсие ба вуҷуд омад, ки бояд фарогири дидгоҳҳои қишрҳои мухталифи ҷомеа бошад. Аз ин лиҳоз, зарур буд, ки мардум дар меҳвари як мафкураи сиёсии созанда сарҷамъ биёянд ва ба мухолифату даргириҳои фоҷиабор, ки оқибатҳои ногувор ба бор оварда буданд, анҷом бахшанд.

Инчунин иброз доштанд, ки ҳарчанд ин марҳилаи кӯтоҳ барои рушду такомули ҳамаҷониба ва густурдаи як ҳизби сиёсӣ чандон давраи тӯлонӣ маҳсуб намеёбад, вале ба ин нигоҳ накарда, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизбамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масири пурифтихореро паси сар кард, ки арзиши даҳсолаҳоро дорад ва дастовардҳои сиёсии он дар саҳифаҳои давлатдории навини тоҷикон бо хатҳои заррин сабт хоҳанд шуд.

Зимни суханрониаш Соҳибҷон Имомназаров зикр намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯз ба нерӯи тавонову созанда ва муттаҳидсози ҷомеаи муосир табдил ёфтааст. Мактаби сиёсии он дар рафти амалигардонии ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии он ифодагари ормонҳои миллӣ мебошад.

Ин ҳизб бо мақсади ифодаи азму иродаи мардум ташкил ва ҳамчун зодаи Истиқлол рушд кардааст. Бояд қайд намуд, ки мо тоҷикон дар миёни гирудорҳои таърих соҳиби давлат ва иқтисоди сиёсӣ ҳастем. Барномаҳои рушди мамлакат бо барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пеш меравад ва дар амалӣ намудани онҳо саҳми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон назаррас аст.

Дар Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар масъалаи таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва рушди шаҳрвандӣ оварда шудааст: “Вазифаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар иртибот бо фазои басо мураккаб, печида ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир вазъи геополитикии сайёра, хатарҳои терроризм, экстремизм, маводи мухаддир дар минтақа аз он иборат аст, ки барои таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, суботу амнияти миллӣ, ягонагии халқи Тоҷикистон ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамеша талош намояд”.

Бояд қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби пешбарандаву созанда, бунёдкор ва воҷеан ҳам маҳсули мактаби сиёсии Пешвои миллат аст. Имрӯз мардум ба ин ҳизб ва роҳбари он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътиқоду эҳтиром ва муҳаббати зиёд доранд.

Дар анҷоми чорабинӣ ба нафароне, ки бо хоҳиши худ барои аъзогӣ ба ҲХДТ ариза пешниҳод намудаанд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуда, ба бархе аз аъзои фаъоли ҳизб сипосномаҳо тақдим гардиданд.