ҲХДТ- ҳизби мутаҳҳидсози миллат
2022-12-09
Баъд аз расидан ба
Истиқлолияти давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи эъмор ва рушди худро муайян
карда, бо риояи принсипҳои давлатсозӣ бунёди ҷомеаи демократии худро оғоз
намуд. Маълум аст, ки барои гузоштани пойдевори мустаҳками давлатсозӣ ҳар
сокини шарифи ин сарзамин воқеаҳои фоҷиаборро аз сар гузаронида, аз имтиҳони
сангини таърих гузашт. Тоҷикистон роҳи озоду демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди худро
интихоб намуда, бо мақсади расидан ба ҳадафҳои созандаву бунёдкорона қадамҳои
устувору умедбахш гузошт. Ҷомеаи шаҳрвандӣ бунёд гардида, азҳоби сиёсӣ,
созмонҳои ҷамъиятӣ фаъолияти худро оғоз намуданд.
Дар даврони ҳассос ва
тақдирсози кишвар Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ки ҳамчун дастгоҳи
муттаҳидкунандаи ғоя ва тафаккури олии давлатсозӣ муаррифӣ гардид, бо
ҷонибдории зиёди сокинони худогоҳ руйи кор омад. Таъсиси Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон, аз андеша ва пешниҳоди Раиси муаззами он Пешвои миллат,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
маншаъ гирифта, ба амсоли ниҳоли самаровар аз боғи файзбори Истиқлолияти
давлатӣ мубаддал гашт. ҲХДТ таҷассумкунанда ба таҳкимбахши идеологияи миллии
давлатдорӣ ҳисобида шуд. Барномаи амали худро давра ба давра таъмин намуда,
ҳадафҳои арзишмандро дар фаъолияти минбаъда аз қабили татбиқи сиёсати иқтисодӣ,
сиёсати дохилӣ, хориҷӣ, рушди илму, маориф ва фарҳанг, сиёсати ҷавонон, сиёсати
ҳуқуқиро ба воситаи анҷуманҳо матраҳ намуд ва ин ҳадафҳоро ҳар узви ҳизб
дастури амали худ қарор дод.
Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, дар нигаҳдошт ва тараннуми
Истиқлолу Ваҳдати кишвар, татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат саҳми арзанда
гузошта, рисолати барҷастаи худшиносӣ, созандагӣ ва ватанпарваронаашро
волотарин масъулият шуморид. Имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон воқеан
ҳизби мардумӣ буда, ифодакунандаи ормонҳои халқ мебошад. Натиҷаи таъсис ва
фаъолияти пурсамар шаҳодат аз он медиҳад, ки дар симои аъзои он тарғибгари
сиёсӣ, раҳнамо, ғамхору сарпараст,
ҳамчунин шаҳрванди намунаи ҷомеаро мебинанд.
Месазад ифтихор аз
ҳизбе намуд, ки зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замири мардум маскан гирифтааст. Воқеан
халқ муҳаббату самимияти худро ба ҳизб ва Роҳбари муаззаму соҳибиродати он
ифода намуда, шукргузор аз он аст, ки зери парчами соҳибистиқлолии кишвар ва
ливои парафшони ҲХДТ ба фардои пурсаодат хоҳад расид.
Туйғун Шарифзода,
раиси кумитаи иҷроияи
ҲХДТ
дар ноҳияи Зафаробод