РОҲИ ПУРШАФАРИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

2022-12-08

28 сол дар назди таърих муддати тӯлонӣ нест, вале роҳи тайнамудаи ҳизби мо тайи ин муддат тӯлониву пурпечутоб, пурифтихор ва ибратомӯз аст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз оғози фаъолият то ба имрӯз ҳамеша манфиатҳои халқу миллатро ҳифзу ҳимоя менамояд, омодаи хизмат ба халқу миллат аст. Мо аз он ифтихор мекунем, ки аз рӯзҳои аввали фаъолияташ ҳизби мо роҳи адолату ҳақиқатро пеш гирифта, ҳеҷ гоҳ ва ба ҳеҷ чиз даъвои худхоҳиро нисбати хеш раво надида, дар доираи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оиннома ва Барномаи ҳизб бо риояи дигар асноду қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд.

Баробари ин, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳадафи барномавии худ бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро қарор дода, баҳри амалӣ намудани ин ҳадафҳои олӣ фаъолияти густурдаеро пеш мебарад, ҷонибдори озодандешӣ, озодии сухану матбуот ва бисёрҳизбӣ аст. Инсон ва қадру манзалати онро аз ҳама боло медонад.

Ин орзуву ормонҳои наҷиб, ки пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азизи мо аз онҳо вобастагии зиёд дорад, аз ҷониби табақаҳои мухталифи ҷомеа, ҳам зиёиёни пешқадаму ҳам барзгарони диловар, ҳам кишоварзону ҳам сохтмончиён ҳамрайъӣ ва ҳамовозии амиқ пайдо намудааст.

Ин аст, ки дар сафи ҳизби мо намояндагони касбу кори гуногун шомил буда, баҳри ободии Ватан сарбаландона меҳнат менамоянд, дар рушду нумӯи Тоҷикистони азиз саҳм мегузоранд.

Тавассути ҷаҳду талошҳои Сарвари ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обрӯи Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмиллалӣ рӯз аз рӯз боло меравад. Тӯли 3 даҳсолаи охир дар саросари кишварамон дигаргуниҳои куллӣ, ободкориву созандагиҳо ва пешравиҳои назаррас ба даст омадаанд. Истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ба даст оварда шуд. Тоҷикистони азиз аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфт. Ҳазорҳо коргоҳу заводу фабрикаҳо, нақбу пулҳо, иншооти дигари иҷтимоиву хизматрасонӣ сохта ба истифода супурда шуд, ки саросар аз файзи дастону дили поки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Вақт нишон дод, ки Сарвари давлати Тоҷикистонро қавлу амал як аст. Ҷаҳон дар симои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷик ва Тоҷикистонро шинохт, ба садояш гӯш андохт ва садои меҳру якдилӣ, озодандешиву адолатҷӯӣ ва ваҳдатро шунид.

Фаромӯш набояд кард, ки масъулияти ҳизбӣ, рисолати инсонӣ ва қарзи фарзандии ҳар яки мо аз он иборат аст, ки Тоҷикистони зебову озоду мутараққиро ба наслҳои оянда ба мерос гузорем.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - ҳизби ормонҳои миллист.

Ҷашни таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муборак, ҳизбиён ва ҳамватанони азиз!

Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан,

Раиси Кумитаи иҷроияи

ҲХДТ дар шаҳри Норак