Ҳизбиён аз намоиши театрӣ дидан намуданд

2022-12-08

Бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халии Демократии Тоҷикистон дар доираи “Ҳафтаи ҳизб” дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ҳизбиёни пойтахт аз нахустнамоиши ҳаҷвию мазҳакавии "Калид дар роҳи сангфарш"-и Ж. Оффенбах ва "Хизматгор хонум" Б. Перголезӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ дидан намуданд.

Намоиши мавсимии театр аз ҷониби ҳизбиён бо қаноатмандӣ ва таҳсин қабул гардид. Бояд зикр намуд, ки намоишномаи мазкур зери роҳбарии Суҳроб Усмонов аз рӯйи осори пурғановати адибони гузашта, ки рӯҳи бебаҳои фитнаангезӣ, завқ ва ишқро ифода менамуд, ба саҳна гузошта шудааст.

Намоишнома бо истеъдоди фавқуллодаи ҳунармандони театр Содиқ Нуруллоев, Шарофат Усмонзода, Шуҳрат Сафаров, Мария Мирзоева, Анжелика Тиман, Комрон Содиқов, Қурбонмурод Зокиров, Екатерина Свиридова, Достон Холов, Шоҳрух Воҳидов, Икром Шарипов, Амонуллои Нурулло ва Ҷамшед Саидов пуршаҳомат буд.

Ҳамзамон, иштирокчиёни толор ҳунарнамоии оркестрро таҳти роҳбарии маэстро Анвар Шоймуродов бо шавқу ҳавас пазируфтанд.

Зимни суханронии худ муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ бо қаноатмандӣ зикр намуданд, ки намоишномаҳои мазкур барои тарбияи ахлоқӣ, маънавӣ ва руҳияи маърифатии ҳизбиён иқдоми саривактӣ ва муҳим арзёбӣ гардида, театр ба сифати муҳимтарин ва муассиртарини ҳунарҳо ҷойгоҳи махсус касб намуда, бо меҳвари шуур ва тафаккури тамошобин ва дар маҷмӯъ, ҷомеа сару кор мегирад.

Дар ин радиф тамошобинро ба зиндагӣ, умр, тақдиру ояндаи инсон ва ҷомеа хушбин намуда, ба амалҳои неки инсонӣ ва тарбияи ахлоқӣ водор месозад.

Дигар чобариҳо дар доираи “Ҳафтаи ҳизб” дар мамлакат бомаром идома доранд.