Чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “28 соли талошҳо барои пешрафт ва ободии ватан” бахшида ба 28-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

2022-12-08

7-уми декабри соли равон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Донишгоҳи славянии Руссияву Тоҷикистон таҳти унвони “28 соли талошҳо барои пешрафт ва ободии Ватан” ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид.

Дар чорабинии мазкур Илҳомҷон Ҳамидиён, Роҳбари маркази матбуот ва таҳлили Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Иброҳим Мирзозода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, кормандони сохторҳои ҳизбии шаҳр ва ноҳияҳои он ва сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ иштирок намуданд.

Чорабиниро Иброҳим Мирзозода, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе оғоз бахшида, қайд кард, ки 10-уми декабр аз таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 28 сол сипарӣ мегардад. Маҳаки асосии фаъолияти ҲХДТ-ро хизмат ба халқ ва ормонҳои миллӣ ташкил дода, тӯли 28 соли фаъолияти пурсамар зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» ҷомеаро ба марҳалаҳои неку арзанда расонид.

Дар идома гуфта шуд, ки баъд аз ба даст овардани Истиқлоли миллӣ дар кишвар давраи печидае ба амал омада ҷанги таҳмилӣ оғоз ёфт. Замоне, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар минтақаҳои кишвар шиддат меёфт ва мардум мунтазири паёми сулҳу субот ва шукуфоӣ буданд, зарурати таърихӣ барои таъсис додани ҳизби сиёсие ба вуҷуд омад, ки бояд фарогири дидгоҳҳои қишрҳои мухталифи ҷомеа бошад. Аз ин лиҳоз, зарур буд, ки мардум дар меҳвари як мафкураи сиёсии созанда сарҷамъ биёянд ва ба мухолифату даргириҳои фоҷиабор, ки оқибатҳои ногувор ба бор оварда буданд, анҷом бахшанд.

Масъулин иброз доштанд, ки ҳарчанд ин марҳилаи кӯтоҳ барои рушду такомули ҳамаҷониба ва густурдаи як ҳизби сиёсӣ чандон давраи тӯлонӣ маҳсуб намеёбад, вале ба ин нигоҳ накарда, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизбамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масири пурифтихореро паси сар кард, ки арзиши даҳсолаҳоро дорад ва дастовардҳои сиёсии он дар саҳифаҳои давлатдории навини тоҷикон бо хатҳои заррин сабт хоҳанд шуд.