РИСОЛАТИ МО НИГОҲ ДОШТАНИ СУЛҲИ ПОБАРҶО
2022-12-08
Тоҷикистон
кишвари ободу зебо, сарзамини бостонии миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддун аст,
ки имрӯз дар шоҳроҳи созандагӣ устуворона қадам мезанад. Аз баракоти меҳнати
софдилона мардум ва Пешвои хирадпешааш кӯҳу сангзоронро ба киштзор мубаддал
месозад, синаи куҳҳоро шикофта нақбу роҳҳо мекушояд, кохи нур бунёд мекунад,
афсонаро ба ҳақиқат табдил медиҳад.
Тоҷикистон
дар таърихи навини давлату давлатдории худ воқеаҳои муҳими сиёсиву иқтисодӣ ва
иҷтимоиву фарҳангиро аз сар гузаронид, ки ҳар яке аз он дар саҳифаҳои китоби
бузурги диёр бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.
Дар
радифи дастовардҳои тақдирсоз ва муҳими сиёсӣ, таъсис ёфтани Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон ва табдил ёфтани он ба нерӯи қавии сиёсии кишвар аз
воқеаҳои камназир ва фараҳбахши таърихи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки дар
меҳвари он мардум ва ормонҳои олии он қарор доранд.
Соли
равон ба таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 28 сол пур мешавад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар давраи сарнавиштсоз ба фаъолият шурӯъ
намуда, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ барои устувориву пойдории сулҳ ва ободии
Ватан кӯшиш ба харҷ дод. Ҳадафи асосиаш низ ваҳдату ягонагӣ, таъмини ояндаи
неки кишвар аст. Имрӯз аъзои Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистонро ғояи умумӣ ва
вазифаҳои бузурге, ки ҳалли онҳо танҳо ба манфиати ҷомеа аст, муттаҳид
менамоянд. Раиси Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ҳадафи асосии ҳизбро хеле хуб гуфта буданд: «Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон
зодаи Истиқлоли кишвар буда, аз умқи мардум реша мегирад ва он ҳимояи
манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои саодати халқ ва ободии
Ватан саъю талош меварзад».
Қобили
зикр аст, ки обрӯ ва нуфузи ҳизб тибқи дастуру нишондодҳои роҳбарияти олии ҳизб
аз Анҷуман то Анҷумани дигар боло рафта, имрӯз теъдоди аъзо аз сарҳади 600
ҳазор гузашта истодааст. Роҳбари муаззами ҳизб дар Анҷумани 13 –ум дар баробари
тақвияти фаъолияти дохилиҳизбӣ ва устувор намудани пояи моддиву техникӣ
ҳамсафонро ба навҷўӣ дар усули кор, истифодаи васеъ аз имкониятҳои технологӣ,
робитаи қавию устувор бо халқ, равнақ бахшидан ба фаъолияте, ки мардумро ба
ободкориву созандагӣ сафарбар намояд, раҳнамоӣ намуданд.
Дар
сатҳи баланд бо ширкати ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ ва олимону
муҳаққиқони варзида баргузор гардидани Конфренсияҳои ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ
ва пешниҳоди беш аз 200 адад мақолаҳои пурмӯҳтавои илмӣ, дар остонаи таҷлили
30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани
эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ, ҳуввияти миллии ҷавонон, арҷгузорӣ ба хизматҳои
таърихиву беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикситон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудани аксияи ҷумҳуриявии “Албом-эстафета” таҳти
унвони “30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” дар 68 шаҳру навоҳии
кишвар, давоми сол бо иродатмандӣ ва ширкати бевоситаи Раиси муаззами ҳизб
мавриди истифода қарор гирифтани бинои маъмурии ҳизбӣ дар чор шаҳру ноҳияҳои
вилоят ва вобаста ба самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин таъсиси
хоҷагиҳои ёрирасон дар назди кумиҷроияҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷумлаи
тадбирҳое буданд, ки барои баланд бардоштани нақш ва мақоми ҳизб дар ҷомеа
такони бузург бахшиданд.
Афзудани
шумораи аъзои ҳизб аз ҳисоби ҷавонон ва занон дар ин солҳо худ гувоҳи равшани
он аст, ки тадбирҳои созандаи ҳизб ва амалкарди натиҷаҳои босамари иҷрои
ҳадафҳои оинномавӣ боварӣ ва эътимоди мардумро ба ғояҳои ҳизб афзун гардонид.
Ҳамин тавр, агар 1 декабри соли 2021 шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон дар вилоят 157 ҳазору 006 нафар бошад, ҳоло ин рақам ба 163 ҳазору
947 нафар расидааст. Агар аз шумораи умуми аъзои ҳизб дар соли 2021 60 ҳазору
727 нафарро ҷавонон ташкил диҳанд, пас ин рақам ҳоло ба 64 ҳазору 357 нафар
расидааст. Аз шумори умумии аъзои ҳизб 92 ҳазору 968 нафарро занон ташкил
медиҳанд, ки бешубҳа қувваи бузург аст. Дар давоми соли равон шумораи
ташкилотҳои ибтидоӣ ба 118 адад афзуда, дар маҷмуъ ба 1483 адад расид.
Маврид
ба зикр аст, ки дар кори тақвиятбахшии фаъолияти ҳизбӣ иқдомҳои
роҳандозинамудаи Кумитаи иҷроияи Марказии ҳизб – ташкили курсҳои бозомӯзӣ дар
шаҳрҳои Душанбеву Панҷакент, эълони аксияи “Шаҳодатномаи ман – ифтихори ман”,
тадбири муқоисакунии аъзои ҳизб ва ба низом овардани ҳаракати аъзо, таъсиси
махзани ягонаи электронӣ, аз ҷониби кумиҷроияи вилоятӣ эълон шудани ҳафтаи
аввали моҳ ҳафтаи тақвиятёбии корҳои дохилиҳизбӣ, озмуни ташкилоти ибтидоӣ,
шуъба ва кумиҷроияи беҳтарин, баргузории рӯзҳои ҳизб дар шаҳру навоҳии вилоят,
таъсиси Ҷоизаи кумиҷроияи вилоятӣ барои беҳтарин муҳаққиқони соҳаи суханварӣ,
таърих, санъат ва рӯзноманигорӣ мусоидат намуд.
Таҷдиди
кори ҳизб, истифодаи усулҳои муосири тарғибу ташвиқ ва пайваста бо халқ будан
аз дастурҳои муфиди Раиси муаззами ҳизб, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
дар Маҷлиси КИМ ҲХДТ буда, кумиҷроияи ҲХДТ дар вилоят ба ин масъала эътибори
махсус медиҳад.
Бо
ҳамин мақсад давоми як соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷониби ҳизбиён
бештар аз 1200 мулоқоту вохӯриҳо бо фарогирии 246 ҳазору 500 нафар баргузор
гардиданд, ки онҳо асосан ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, тарғиби
дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, пешгирии терроризм, экстремизм ва дигар
зуҳуроти номатлуб, тафсиру тарғиби қонунҳои миллӣ ва ғайра бахшида
шуданд.
Мураккаб
шудани вазъи геополитикии минтақаву ҷаҳон ва осебпазир гардидани истиқлолияти
давлатҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ масъалаи ҳифзи давлатдориро боз ҳам
ҳассостар ва муҳимтар гардонидааст. Ана дар ҳамин давраи тақдирсоз дар зеҳну
шуури мардум ҷой кардани ҳуввият ва ифтихори миллӣ яке аз василаҳои бунёдии
мубориза ба шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, пешгирии гумроҳшавии ҷавонон
ва ба таълимоти ғайрирасмии динӣ фарогир нашудани наврасон маҳсуб мешавад. Ба
ин хотир дар барномаи телевизионии вилояти Суғд, аз ҷумла дар аксари барномаҳои
“Амният ва ҷомеа”кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва
кумиҷроияҳои шаҳру ноҳияҳо, аъзои фаъол, ки аксаран олимону коршиносони хуби
соҳа ҳастанд, бо мисолҳои возеҳ масъалаҳои вобаста ба амнияту суботи кишварро
баррасӣ мекунанд.
Таъсиси
ду барномаи дигари таҳлилию маърифатӣ дар телевизиони вилояти Суғд аз тадбирҳое
мебошанд, ки барои пешрафти кор дар тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳизбӣ омили хубе
гардиданд. Махсусан бо ташаббус ва роҳбарии кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб
ташкил шудани силсилабарнома вобаста ба тафсири соддаву равони китоби безаволи
“Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров, ки бо иқдоми неки Пешвои муаззами миллат ба
ҳар хонадон тӯҳфа шудааст, дар байни мардум маъруфияти зиёдеро ба миён овард.
Дар барномаи “Тоҷикон” беҳтарин коршиносон, таърихнигорон, олимону
мутафаккирони муассисаҳои олии таълимии кишвар ҷалб карда мешаванд.
Тадбири
дигаре, ки бо мақсади тарғиб ва ҳифзу гиромидошти фарҳангу адабиёти пурғановати
миллӣ, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, ғояҳои ватандӯстӣ, рушди маърифату маънавиёти
ҷавонон, нигоҳдошти анъанаҳои бузурги аҷдодӣ роҳандозӣ шуд, барномаи
нави адабӣ таҳти унвони “Гулчини маънӣ” мебошад, ки моҳе ду маротиба сабту пахш
шуда истодааст, ки таҳлилҳо ва нақлҳои ҳикматомези осори адибонро, ки дар
тарбияи ахлоқию маънавии насли ҷавон ва ҷомеа нақши муассир доранд, фарогир
мебошад.
Дар
сиёсати маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам овардани шароит барои боз ҳам бештар
ҷалб кардани ҷавонон ва занон ба сафи кадрҳои роҳбарикунанда ҷойгоҳи хосса
дошта, маҳз роҳандозии силсилаи Барномаву стратегияҳои давлатӣ боис шуданд, ки
дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат кадрҳои болаёқати ҳамаи соҳаҳо дар пешрафт
ва умури давлатдорӣ ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардиданд.
Дар
ин замина дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд мактаби захираи
кадрҳо амал намуда истодааст, ки дар он ҳамасола беш аз 40 нафар мутахассисони
ҷавони болаёқати сохторҳои гуногуни давлатӣ аз роҳбарони соҳибтаҷриба, олимону
муҳаққиқон ва ходимони барҷастаи давлативу ҷамъиятӣ дониш ва малакаи роҳбарӣ
меандӯзанд. Соли равон бошад чунин мактаб дар тамоми кумиҷроияҳои шаҳру
ноҳияҳои вилоят низ таъсис дода шуд.
Мо
мехоҳем, ба ҷавонон, ҳамчун насли огоҳу зирак бештар такя карда, ин нерӯро дар
таъмини волои ҳадафҳои ҳизбӣ самаранок истифода барем. Барои ин, тақвият
бахшидани фаъолияти Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” иқдоми
ҳадафмандона мебошад. Соли 2021 аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони
Ватан” ва ҳизбиёни ҷумҳурӣ 10-солагии онро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд, ки
дар доираи таҷлили ин ҷашн дар ҳамаи 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳамоиши
ҷавонон–аъзоёни ин ташкилот таҳти унвони “Тоҷикистон ба пеш!” дар сатҳи баланди
ташкилӣ ва маърифатию фарҳангӣ бо иштироки бевоситаи раисони шаҳру ноҳияҳо ва
масъулони касбу кори гуногун гузаронида шуданд, ки дар фарҷоми ҳар як ҳамоиш
шумораи зиёди наврасон ва ҷавонон бо додани ваъдаи тантанавӣ ба сафи ташкилот
пазируфта шуданд.
Ҳизбиёни
вилоят аз баракати сулҳу ваҳдат ва оромию осудагии ватани соҳибистиқлоламон
шукргузорӣ намуда, сарҷамъона барои татбиқи сиёсати хирадмандонаи Раиси
муаззами ҲХДТ ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ таҳти шиори «Барои пешрафт ва зиндагии
шоистаи мардум» кӯшиш ба харҷ дода, барои ободию гулгулшукуфоии кишварамон
саҳми босазои худро мегузоранд.
Албатта,
имрўз мардуми кишвар бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат ба музаффариятҳои
бузург ноил гардидааст. Вале мо бояд ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надода,
барои ободии кишвар ва таъмини ҳаёти хуби мардуми Тоҷикистон дар ҳама ҷабҳа, аз
ҷумла дар самти мубориза алайҳи терроризму экстремизм пирўзу дастболо бошем.
Исмоилзода Зуфар Муртазохон,
Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд