МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ ОИД БА НАМУДИ ВОЛЕЙБОЛ БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН”

2022-12-08

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 28-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрўз дар шаҳри Душанбе мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди волейбол байни кормандони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва сохторҳои он дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” оғоз гардид.

Дар маросими кушодашавии мусобиқа Латифзода Асрор Қурбон, муовини Раиси ҲХДТ, Мирзозода Иброҳим, Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки рушди варзиш яке аз самтҳои асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо назардошти он, ки дар шароити кунунӣ варзиш ҳамчун василаи шоистаи муаррифгари миллату кишвар дар олам маҳсуб мешавад, ба рушди он таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон варзишро ҳамчун яке аз омилҳои муассири тарбия ва муаррифии шоистаи кишвар дар арсаи байналмилалӣ эътироф намуда, варзишгаронро, ки бо иштироки фаъолона соҳиби ҷоизаҳои олимпӣ ва байналмилаӣ мегарданд, дастгирӣ ва барои ҷалби сармоияи иловагӣ бо масади бунёди толору майдончаҳои варзишӣ талош мекунад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои ҷавонон тавассути оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим, омода намудани варзишгарони касбӣ, аз ҷумла ҳама навъҳои варзишҳои олимпӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебарад ва ба ҷалби ҳарчи бештарин ҷавонон ба мусобиқаҳои варзишӣ диққати аввалиндараҷа медиҳад ва тавассути воситаҳои ахбори омма тарғибу ташвиқи варзиш ва тарзи ҳаёти солимро васеъ ба роҳ мемонад.

Ҳизб “Сиёсати рӯй овардан ба ҷавонон”-ро, ки яке аз самтҳои асосии марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад, тавсеа бахшида, дар роҳи расидан ба ин ҳадаф барои ҳарчи беҳтар гардонидани шароити рушди маънавию ахлоқӣ, таҳсил ва кору фаъолияти ҷавонон тадбирҳо меандешад.

Дар мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди волейбол барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” 12 даста рақобат менамоянд.