ЗУҲУРОТИ ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА
2022-12-07
Дар доираи маъракаи
иттилоотии “16 рӯзи мубориза
алайҳи хушунат” Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар
МТМУ № 41 бо хонандагони
синфҳои болоӣ мулоқот доир намуд.
Дар
мулоқот мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИВ ҲХДТ Пӯлотова М. ва намояндаи
кумиҷроияи ноҳиявӣ Солиева М. иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр
шуд, ки оила асоси ҷамъият буда, таҳти ҳифзи махсуси қонун ва давлат қарор
дорад. Қабл аз ҳама, ташаккули шахсият дар рӯҳияи инсондӯстӣ, эҳтиром ва риояи
ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мавқеъ ва масъулияти шаҳрвандӣ ба он
вобастаанд. Бар зидди зӯроварӣ дар оила ва барои ҳалли ин мушкилот бояд
дастаҷамъона мубориза бурд.
Чорабинии
мазкур бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ оид ба ҳуқуқи оила,
баланд бардоштани сатҳи маданияти ҳуқуқии ҷавонон, устувори нақши оила, бунёди
оилаи солим, парваридани ҳисси масъулиятшиносӣ дар ниҳоди никоҳшавандагон,
тараннуми арзишҳои олии оила, тарбияи ҷавонон ба ватнадӯстию меҳанпарастӣ,
пешгирии омилҳои номатлуб ва хушунати оилавӣ баргузор шудааст.