ҲХДТ НЕРӮИ БУНЁДКОРУ СОЗАНДА АСТ

2022-12-07

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯз ба нерӯи тавонову созанда ва муттаҳидсози ҷомеаи муосир табдил ёфтааст. Мактаби сиёсии он дар рафти амалигардонии ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии он ифодагари ормонҳои миллӣ мебошад.

Мақсаду мароми асосии ин ҳизб сарҷамъу муттаҳид кардани миллати тоҷик ва тамоми нерӯҳои созандаву солимфикри ҷомеа, баланд бардоштани ҳисси миллӣ ваватандӯстиву ватанпарварии мардуми кишвар аст, ки бахотири барпо кардани давлати соҳибихтиёру демократӣ ва аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ пешрафта ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба ҳар як шаҳрванди мамлакат маҳсуб меёбад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 28 сол муқаддам, дар як марҳилаи таърихӣ, 10 декабри соли 1994 Анҷумани нахустини худро баргузор намуд. Дар ин Анҷуман вакилон заминаҳои сиёсиву иҷтимоии ташаккули ҳизбро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин, дар Анҷуман Оиннома, Барнома ва мақсадҳои тактикӣ ва стратегии ҳизбро муайян намуданд. Дар ин замина мактаби сиёсии Пешвои миллат густариш меёфт ва дар барномаҳои кории Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва хусусан ҳизби мазкур амалӣ мегардад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи тозаву бунёдкору созанда ва навовар нафарони хирадманд, сиёсатмадорон ва халқи меҳнатқарину ватандӯстро ба ҳам оварда сарҷамъ намуд. Дар давоми 28 соли фаъолияташ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манфиатҳои мардумро ҳимоя карда, баҳри тинҷиву осоиштагӣ, рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳалли масоили мавҷудаи ҷомеа саҳмгузор буда, сазовори эҳтироми халқу давлат гардидааст.

 Ин ҳизб бо мақсади ифодаи азму иродаи мардум ташкил ва ҳамчун зодаи Истиқлол рушд кардааст. Бояд қайд намуд, ки мо тоҷикон дар миёни гирудорҳои таърих соҳиби давлат ва иқтисоди сиёсӣ ҳастем. Барномаҳои рушди мамлакат бо барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пеш меравад ва дар амалӣ намудани онҳо саҳми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон назаррас аст.

 Дар Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар масъалаи таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва рушди шаҳрвандӣ оварда шудааст: “Вазифаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар иртибот бо фазои басо мураккаб, печида ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир вазъи геополитикии сайёра, хатарҳои терроризм, экстремизм, маводи мухаддир дар минтақа аз он иборат аст, ки барои таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, суботу амнияти миллӣ, ягонагии халқи Тоҷикистон ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамеша талош намояд”.

Соли равон мо 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тантана ва шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил намудем. Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 16-ум рисолати таърихиеро анҷом дод, ки он аҳаммияти сиёсӣ ва таърихии худро аз даст нахоҳад дод. Дар ин рӯйдоди таърихӣ фарзанди сарсупурдаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид, ки имрӯз ба туфайли мактаби идоракунии ин абармарди таърих Тоҷикистон ба кишваре табдил ёфтааст, ки арзишҳои волои демократияро эътироф ва риоя мекунанд.

Ба шарофати Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро қатъ намуда, давлатро аз нобудӣ ва миллатро аз парокандагӣ раҳо бахшидем, сулҳу оромӣ, Ваҳдати миллиро барқарор кардем ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намудем.

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боз ҳам бештари тарғиби аҳаммияти таърихии Иҷлосия ва нақши он дар ташаккули давлатдории миллӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихиву беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён ҳамоиши ҷумҳуриявии “Албом-эстафета” таҳти унвони “30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” бо шукуҳу шаҳомати хоса дар ноҳия баргузор карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби пешбарандаву созанда, бунёдкор ва воҷеан ҳам маҳсули мактаби сиёсии Пешвои миллат аст. Имрӯз мардум ба ин ҳизб ва роҳбари он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътиқоду эҳтиром ва муҳаббати зиёд доранд.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, аъзо ва тарафдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба муносибати 28-умин солгарди таъсисёбии ҳизби созандаву бунёдкор самимона табрику муборакбод менамоям. Ба ҳамаи Шумо саломатӣ, хушбахтӣ дар зиндагӣ ва фаъолияти меҳнатиатон барору комёбиҳо орзу намуда, дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муваффақиятҳои беназирро таманно менамоям.

Ҳакимзода Миҷгона Шералӣ,

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар ноҳияи Кӯшониён