7-уми декабр - Рӯзи байналмилалии авиатсияи гражданӣ
2022-12-07
Рушди авиатсияи гражданӣ яке аз омилҳои асоситарини
рушди туризм мебошад. Ҳамасола 7-уми декабр дар баъзе аз кишварҳои дунё ҳамчун
Рӯзи кормандони авиатсияи гражданӣ таҷлил карда мешавад. Ин сана аз ҷониби
Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид таъсис дода шудааст.
Боиси зикри махсус аст, ки авиатсияи гражданӣ соҳаи
калидиест, ки барои қонеъ гардондани ниёзҳои шаҳрвандон ва рушди босуботи
иқтисодиёти кишвар равона гардидааст. Аслан, соҳаи мазкур худ як низоми
мураккаб буда, диққати бештарро ба қоидаҳои танзими бехатарии парвозҳо ва
хизматрасонии босифати мусофирон тақозо намуда, метавонад дар рушди иқтисодиёти
кишвар нақши ҳалкунанда бозида, барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии
кишвар шароити мусоидро
фароҳам орад.
Агар ба таърихи ҳавонавардии ватани азизамон назар
намоем, мебинем, ки Тоҷикистон ва авиатсияи гражданӣ ҳамнавоянд. Яъне Ҷумҳурии
Тоҷикистон ҳамчун Ҷумҳурии Мухтори Советии Сотсиалистӣ соли 1924 таъсис ёфт ва
аввалин ҳавопаймои олмонии Ю-13 таҳти идораи сарнишинони тоҷикистонӣ Рашидбек
Ахриев ва Петр Комаров аз Бухоро ба Душанбе (Сталинобод) парвоз намуд. Ҳамон
сол аввалин ҳайати Ҳукумати интихобшудаи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии
Тоҷикистонро аз Бухоро ба Душанбе (Сталинобод) тавассути ҳавопаймо оварданд ва
бо омадани ин ҳавопаймо ва ҳайати ҳукуматӣ оғозе гузошт ба фаъолияти ниҳоди
мазкур.
Боиси хушнудист, ки дар замони соҳибистиқлолӣ
инфрасохтори фурудгоҳии кишвар тавсеа ёфта, воситаҳои алоқа, алоқаи радиоӣ,
дастгоҳҳои навигатсионӣ, низомҳои назорати парвозу фуруд ва воситаҳои
электронии назорати парвозҳо, таъмини бехатарии парвозҳо ва дигар бахшҳои
муҳимми авиатсия густариш ёфта, пеш рафтанд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки маҳз бо дастгирӣ ва
ташаббуси хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз
29-уми декабри соли 2017, №596 Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як сохтори алоҳидаи мутамарказ, ки танзим ва
назорати фаъолияти корхонаҳои авиатсиониро ба роҳ мемонад, таъсис дода шуд, ки ин ниҳоди давлатӣ аз рӯзҳои
аввали таъсисиёбӣ фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами
миллат, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботу қоидаҳои
Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО), Кодекси фазои ҳавоӣ,
қоидаҳои умумии авиатсионии кишвар ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ
мондааст.
Инчунин, бо иқдомоти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки дар ибтидо як майдони хокии давраи
радиуси 800 метра ва як заминкани бо қамиш пӯшида дошт, то ба фурудгоҳи
замонавии дорои хатти нишасту парвози муҷаҳҳаз, роҳравҳои зимомӣ,
таваққуфгоҳҳои замонавӣ, низомҳои назорати парвозу нишаст, толорҳои барҳаво ва
дигар инфрасохтори замонавӣ расид. Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе имрӯз
метавонад тамоми намудҳои ҳавопаймоҳои хурду бузургро қабул ва гусел намояд.
Исботи ин гуфтаҳо он аст, ки соли 2013 калонтарин ҳавопаймои ҷаҳон Ан-225
«Мрия» дар ҳарими ҳавоии Душанбе фуруд омад.
Бояд гуфт, ки дастгириҳои мунтазами Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар самти рушди авиатсияи граждании кишвар натиҷаҳои назаррасро ба
бор оварда, рушди соҳаи авиатсияи граждании давлатамон аз ҷониби ташкилотҳои
байналмилалии соҳавӣ қаноатбахш ва рӯ ба рушд арзёбӣ карда шудааст, ки ин боиси
ифтихору сарбаландии тамоми мардуми тоҷик мебошад. Бояд эътироф кард, ки
авиатсия яке аз бахшҳои муҳимтарини хоҷагии халқи кишварамон ба ҳисоб меравад.
Бесабаб нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши авиатсияи миллиро пайваста
таъкид намуда, ҷиҳати рушду такмили ҳамаҷонибаи он назди кормандони соҳа
вазифагузорӣ менамоянд. Боиси зикри махсус аст, ки диққати ҷиддӣ додан ба ин соҳа ба рушди тамоми
иқтисодиёти кишвар, махсусан ба соҳаи туризм, таъсири калон мерасонад.
Пас, ба умеди амалигардии тамоми нақшаву ниятҳои дар
пешгирифтаашон ба тамоми намояндагони ин ниҳод Рӯзи касбиашонро шодбош мегӯем.
Давлатзода Ҳангома Рустам