ҲХДТ- ҳизби ормонҳои халқ
2022-12-07
Бо ташаббуси Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бо иштироки аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба
муносибати 28-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аксияи идона дар
маркази шаҳри Панҷакент гузаронида шуд.
Варақаҳои тарғиботию
ташвиқотӣ аз
ҷониби аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо
навиштаҷоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори “Барои
пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” дар маҳалли серодами шаҳр ба фаъолони ҷомеа
тақсим карда шуд. Мардум бо рӯҳияи болида ва бо хурсандии беандоза 28-солагии
ҲХДТ-ро истиқбол намуда истодаанд.
Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон барои бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳукуқбунёд,
дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона фаъолият менамояд.
Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон дар фаъолияти худ бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои
инсон ва шаҳрванд ба фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва
маърифати пурсамари маънавии аъзояш такя намуда, ғайрату идроки онҳоро барои
мустаҳкам намудани истиқлолияти сиёсию-иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии
Тоҷикистон сафарбар намуда истодааст. Дар
ин бора Роҳбари давлат хеле бамаврид зикр намудаанд, “Ҳар яки мо вазифадорем, ки тамоми
азму ирода ва нерӯву имкониятҳои худро барои хизмат ба халқу Ватани маҳбубамон
ва минбаъд низ сазовор будан ба эътимоди мардуми кишвар сафарбар намоем”.
Чорабиниҳои идона ба
муносибати 28-солагии Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар
ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ идома дорад.