БАХШИДА БА 28-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ ТАЪСИС ЁФТ

2022-12-06

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №124 бо сокинони маҳаллаи Гулбутта -3 вохӯрӣ баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки вохӯрӣ дар доираи нақшаи муштараки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва МИҲД-и ноҳияи Фирдавсӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрӣ роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, Маҳбуба Камолова, сармуҳаррири нашрияи расмии Ҳукмати ҶТ “Народная газета”, Манучеҳр Сангов мудири бахши кор бо ҷавонони МИҲД-и ноҳияи Фирдавсӣ, Орзу Зарипо, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №124 иштирок намуданд.

Зимни вохӯрӣ баромадкунандагон сокинони маҳалаи Гулбуттаро ба муносибати 28 - солгарди таъсисёбии ҲХДТ табрик намуда, вобаста ба нақшу мақом ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, “Маромномаи сокини пойтахт”, фарҳанги шаҳрнишинӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии ҷавонон, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, мақому манзалати зан-модар дар ҷомеа, пешгирии шомилшавии шаҳрандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ ва саҳм гузоштан дар корҳои созандагию ободкорӣ дар шаҳри Душанбе ибрози андеша намуданд.

Зикр гардид, ки маҳалаҳои воридшуда ба ноҳияи Фирдавсӣ, ки зиёда аз сад ҳазор нафар шаҳрвандон ва ҳудуди якуним баробар зиёд аз ҳудуди пешинаи ноҳияи Фирдавсиро дар бар мегирад, зери таваҷҷуҳи хосаи Роҳбарияти шаҳри Душанбе қарор дошта, тармиму таҷдид ва зина ба зина азнавсозии иншооти хизматрасонӣ ва беҳтар намудани ҳама гуна хизматрасониҳо барои шаҳрвандон пайваста аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба масъулин таъкид мегардад. Дар ин росто, фаъолон ва сокинони маҳалларо зарур аст, ки дар татбиқи иқдомоти Роҳбарияти шаҳри Душанбе вобаста ба корҳои тозагию ободонӣ ва сабзкорию шинонидани дарахтони ороишию ҳамешасабз саҳмгузор бошанд.

Дар охир, ба нафарони ба сафи аъзои ҲХДТ қабулгардида шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуда, роҳбарияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб гардид.

Хотирнишон менамоем, ки чунин вохӯриҳо дар дигар маҳалаҳои воридгардида ба ноҳияи Фирдавсӣ идома дорад.