ҲХДТ ОИНАИ РӮНАМОИ ҶОМЕА
2022-12-06
Асосгузори сулҳу ваҳдати
миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханронии хеш баён доштанд: «Робитаи қавӣ
доштан бо халқ ва ифодакунандаи ормонҳои бисёрсолаи он будан ҷавҳари асосии
фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ташкил дода, садоқат ба он ва
дар ин роҳ соҳибиродаву бомасъулият будан асоси муваффақиятҳо ва эътимоди
мардум ба он мебошад. Ба ибораи дигар, ҳизби мо мардумӣ ва зодаи даврони истиқлол
буда, дар асоси ормонҳои халки шарифи кишварамон таъсис ёфтааст».
Воқеан, ҳам омили зуд
маҳбубият пайдо намудани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеа маҳз бо
мардум сарукор гирифтану аз розу ниёзи онҳо огоҳ будан аст. Ин ниҳоди созанда ҷомеаи
моро ба маҷрои дуруст ҳидоят намуда, ба сулҳу созиши миллӣ, ваҳдат расонд,
таҳти роҳбарии он ҷомеа ба марҳилаи созандагиву бунёдкорӣ ворид шуд.
Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон замоне арзи вуҷуд кард, ки дар кишварамон нобасомониҳо идома дошту
мардум аз ҳизбсозию ҳизббозӣ дилозурда шуда буданд. Зеро баъди ба даст овардани
соҳибистиқлолии кишвар як гурӯҳ аз мансабхоҳони миллаткуш мехостанд
давлатамонро зери даст гирифта, онро чун як бозичаи саридастӣ идора кунанд.
Заминаҳои дигари
таъсисёбии Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон ин пеш аз ҳама талаботи замон,
қонеъ нагардонидани дархости мардум аз ҷониби ҳизбҳои дигар ва мушаххасу
мақсаднок набудани ҳадафҳои барномавии онҳою ҳамрайъ набудани ашхосе, ки
таъсисдиҳандаи ҳизб ҳастанд, бо мардум аст.
Агар аз дидгоҳи имрӯз ба
равандҳои он замон нигарем, равшан мебинем, ки дар он рӯзҳои вазнин тарғиб
намудани ғояҳои ҳизби нави сиёсӣ кори осон набуд. Мардум баъди ҳодисаҳои
фоҷиабори ибтидои солҳои 90-ум, вақте ки баъзе ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳои
мардумӣ зери ниқоби муборизаи сиёсӣ даст ба экстремизм заданд ва қариб буд, ки
миллатро ба вартаи ҳалокат ва мамлакатро ба порашавӣ оварда расониданд, дигар
ба ҳизбҳои тозабунёд бовар надоштанд.
Тавре аз суҳбати
собиқадорони ҳизб маълум гардид, дар солҳои 1993 то 1997 на танҳо мардуми оддӣ,
балки бархе аз роҳбарони мақомотҳои мухталифи болоӣ аз ба Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон шомил шудан метарсиданд. Ин гуна роҳбарони мавқеи сиёсии муайян надошта, дудила,
бетараф, интизоршаванда кам набуданд.
Хеле бомаврид аст, дар ин асно андешаронии
Пешвои миллатро қайд намоем; «Дар ин давра ҳанӯз наметавонистем ҳизбро
пурқувват гӯем, зеро заминаи иҷтимоии он ҳанӯз қавӣ набуд. Ин ҳолат то соли
1997 давом кард. Ман ба хулосае омадам, ки аз чунин ҳизбҳои камтаъсир барои
сиёсати давлат он қадар фоидае нест, бинобар ин, дар вазифаҳои пурмасъулият
бояд кадрҳои соҳибобрӯ ва бомаҳоратро пешбарӣ мекардем».
Ана дар ҳамин авзо ҳизби мо чун раҳнамо вориди
сиёсат шуда, аз нахустин рӯзҳои фаъолияташ мавқеи устувори сиёсиро дар ҷодаи
ҳимояи манфиатҳои халқ ба даст гирифт. Он дар такя ба ҳадафҳои стратегии давлат
ва Ҳукумати кишвар бо пиёда намудани Барномаҳои мукаммали худ дар ҳама соҳаҳо
муваффақ гардид.
Идеяи таъсисёбии ҳизб бо пешниҳоди Асосгузори
сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1994 аз ҷониби
ходимони сиёсӣ ва роҳбарони фаъол ба амал омад ва ин ҳизб бо номи Ҳизби Халқии
Тоҷикистон ба арсаи сиёсии кишвар ворид шуд. Ва аввалин ташкилотҳои худро дар
маркази шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳо таъсис дод. Дар ин миён таъсиси
нашрияи «Минбари халқ» бешубҳа барои ташвиқу тарғиби ғояҳои ҳизб нақши густурда
бозид. Омили асосии дар як муддати кӯтоҳ дар ҷомеа нуфуз пайдо кардан ва ба
пешрафт ноил гаштани ҳизби мо дар он аст, ки он манфиатҳои ҳамаи қишрҳои ҷомеаро
ҳимоя мекунад ва барои бароварда сохтани ормонҳои онҳо талош меварзад. Таъсиру
нуфузи ҳизб дар байни мардум дар он ба зуҳур меояд, ки онҳо хостаҳои худро ба
вакилонашон дар зинаҳои гуногуни мақомоти интихобӣ дилпурона пешниҳод мекунанд.
Вакилони ҳизби мо дар маҷлисҳои намояндагон ва маҳаллӣ ҷиҳати таҳия ва қабули
қонунҳо ва санадҳои дигари ҳуқуқӣ нақши арзандаи худро мегузоранд. Силсилаи
қонунҳо, ки ба танзими ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мардум нигаронда шудаанд, дар
барномаи пешазинтихоботии ҳизб инъикоси худро ёфтаанд.
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҳарчанд 24 июни соли 1998 бо Қарори Конфронси
муассисон ташкил шуда бошад ҳам, идеяи таъсиси он ҳанӯз аз солҳои 1994-1995 дар
назди равшанфикрону пешқадамон меистод.
Агар дар солҳои аввали ташкилёбии ҳизб шумораи
аъзоён 300 нафар дар 9 адад ташкилотҳои ибтидоӣ сарҷамъ шуда бошанд. Пас имрӯз
ин рақам ба зиёда аз 20 ҳазор мерасанд, ки онҳо дар 251 ташкилотҳои ибтидоӣ ва 5 кумитаи иҷроияи
ибтидоии ҲХДТ сарҷамъ омадаанд, ки ин яке аз баландтарин нишондод дар миқёси
вилоят мебошад. Мо аз он ифтихор дорем, ки имрӯз дар сафи ҳизбамон 57 докторони
илм, 278 номзадҳои илм, шумораи зиёди коркунони соҳаҳои маорифу тандурустӣ
фаъолияти босамар доранд.
Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ пояи асосии
кумиҷроияи маҳаллии ҳизбӣ маҳсуб шуда, фаъолияти назарраси ҳизбиён ба фаъолияти
ин зинаи ҳизб сахт алоқаманд аст.
Имрӯз кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои
ибтидоии ҳизб чун қаноти пурқуввати кумиҷроияи ҳизб дар пешбурди талаботҳои
Оинномавиву Барномаи ҳизб ва корҳои тарғиботию сиёсӣ
фаъолона саҳм мегиранд. Фаъолияти онҳо мунтазам дар ҷаласаҳои корӣ баррасӣ
шуда, мавриди омӯзиш қарор мегирад. Дар ин росто аз ҳисоби аъзоёни Раёсат ва
кормандони дастгоҳи кумиҷроияи шаҳрӣ сарпараст таъин шудан ба кумитаву
ташкилотҳои ҳизбӣ масъулияти ташкилотҳоро дар раванди қабули аъзо, танзими
ҳуҷҷатгузорӣ, мунтазам баргузории ҷаласаҳо, хонишҳои сиёсӣ хеле боло бурд.
Ба қатори ташкилотҳои ибтидоии беҳтарин бошад,
Беморхонаи бачагона, Маркази стандартизатсия ва метрологияи вилоят, Идораи
шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд, Омори вилоят, Беморхонаи физиотерапевтӣ,
Беморхонаи вилоятӣ, Таваллудхонаи вилоятӣ, Беморхонаи шаҳрии №1, Маркази
дилшиносии вилоят, Маркази саратоншиносӣ, Стансияи эпидимологӣ - санитарии
вилояти Суғд, Таваллудхонаи
шаҳрӣ, Амонатбонк, Бонки миллӣ, Маркази саломатии шаҳрии №5, Ориён, Сино, китобхонаи оммавии Т.Асирӣ, Ҷавонӣ, Хонаи кӯдакон, Кумитаи маҳаллаи 1 Май, Тути Калон ва
дигаронро номбар кардан мумкин аст. Бо истифода аз фурсати муносиб барои фаъолияти
намунавиашон ба роҳбарияти ташкилотҳои зикршуда арзи сипос менамоям.
Имрӯз ҷомеаи кишвар ба
қудрат ва тавоноии бонувону ҷавонон дар доман задан ба таҳаввулоти иҷтимоӣ,
маъракаҳои сиёсӣ ва умури давлатдорӣ сахт эътимод дорад. ҲХДТ аз он нуктаи назар,
ки ин қишрҳои фаъоли ҷомеа дорои қудрату потенсиали зиёд ҳастанд, муносибат
карда, роҳҳои нави дарёфти истеъдодҳои ҷавонро меҷӯянд. Таъсиси созмони
ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» аз он дарак медиҳад. Иттиҳодияи мазкур
воқеан ҳам фазои холигиро пур кард ва сафи ихтиёрони он низ рӯз аз рӯз аз
ҳисоби ҷавонон зиёд мегардад.
Дар
назди шуъбаи занони кумиҷроия фаъолият бурдани маҳфили доимоамалкунандаи
“Муросо” ва “Рози бону” барои таҳкими оиладорӣ, ширкати занону бонувон дар
чорабиниҳои мухталиф бар манфиати кор аст.
Таъсиси
курси захираи кадрҳо дар назди кумиҷроияи шаҳрӣ ва ба он ҷалб шудани ҷавонону
бонувони фаъол барои боз ҳам хубтар муаррифӣ шудани ҳизб дар ҷомеа таккони
бузурге бахшид.
Рисолати аслии ҳизбиён
ташвиқу тарғиби дастовардҳои навини мамлакат буда, то ба мардум расонидани ҳадафҳои
созандаи давлату Ҳукумат, ҳамчунин омӯзиши ҷанбаҳои пешрафти тамоми соҳаҳои
хоҷагии халқро тараннум кардан ва дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои далхдор ҳал
намудани мушкиливу муаммоҳо мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар кишвар яке аз аввалинҳоест, ки соҳиби сомона
бо домени hhdt-khujand.tj ва нашрияи ҳизбии худро дорад, ки 8 сол ин ҷониб
мунтасил фаъолият дорад. Дар саҳифаҳои сомона ва нашрия хабару гузориш,
мақолаҳо аз рӯзгори фаъолон, таҳлили вазъи сиёсӣ, вокунишҳои саривақтӣ ба
маводҳои ғаразноки душманони миллат нашр мешаванд.
Вазъи ҳозираи сиёсии
кишвар аз ҳарвақта дида бештар тақозо менамояд, ки ҳар як аъзои ҳизб садоқати
худро ба ғояҳои волои он нишон дода, нерӯи ҷисмониву зеҳнии худро ба ҳифзи
дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу
суббот ва рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат равона созад.
Баробари ин масъулияти
таърихие, ки ҳизб дар назди ҷомеа дорад, ҳар як аъзои Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистонро вазифадор менамояд, ки аз рӯйдодҳои муҳими сиёсии кишвар ва хориҷи
он воқиф бошад ва ба он баҳои сиёсӣ дода тавонад.
Бахтиёр Исматҷонов,
раиси
КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд