ВОЛОНТЁРӢ ШАРАФ АСТ

2022-12-06

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон дар толори Кумита ҳамоиши тантанавӣ бо иштироки беш аз 250 нафар волонтёрон - аъзои Ташкилоти ҷамъиятии "Пайравони Пешвои миллат" баргузор гардид.

Дар ҳамоиш раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ташкилоти ҷамъиятии "Пайравони Пешвои миллат" - Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, Раиси Федератсияи Иттифоқи касабаи мустақили Тоҷикистон Неъматшозода Маликшо ва Хонзода Абдураҳмон, роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни суханронии хеш раиси Кумита - Абдулло Раҳмонзода ҳамаи иштирокчиёни ҳамоишро бо Рӯзи байналмилалии волонтёрон табрик намуда, саҳми онҳоро дар амалӣ намудани иқдомҳои созандаи давлату Ҳукумати кишвар ва корҳои созандагиву бунёдкорӣ, расонидани ёрии ҷамъиятӣ, анҷом додани корҳои хайриявию ризокорӣ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ баланд арзёбӣ намуданд.

Ҳамзамон, дар ҳамоиш аз номи кулли иштирокчиёни ҳамоиш муроҷиатнома қабул гардид.

Дар охири чорабинӣ барои саҳми арзанда гузоштан дар фаъолияти волонтёрӣ, волонтёрон бо Сипоснома ва туҳфаҳои таъсисдодаи Кумита бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон қадрдонӣ карда шуданд.