Ҳифзи Истиқлолу Ваҳдати миллӣ вазифаи муҳими шаҳрвандист
2022-12-05
Вазъи
сиёсии минтақа ва ҷаҳон, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, хизмат дар сафи Артиши миллӣ
ва ҳимояи марзу буми кишвар аз мавзӯҳое буданд, ки дар мулоқоти раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Сомон”,
ректори ДДҲБСТ профессор Муъмин Шарифзода бо аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”,
ҷавонони фаъол ва роҳбарони гурӯҳҳо мавриди таҳлилу баррасӣ
қарор гирифт.
Дар
оғози вохӯрӣ роҳбари донишгоҳ қайд кард, ки фазои орому осудаи Ватан, пойдории
суботи комил, амнияту осоиши мамлакат ва фазои мусоиди кору зиндагӣ дар кишвари
мо нишони ҳамбастагии мардуми сарбаланди тоҷик буда, вазъияти печидаи ҷаҳони
муосир тақозо менамояд, ки ҳар сокини мамлакат дар ҳифзи якпорчагӣ, истиқлолу
оромӣ ва ваҳдату ягонагӣ аз ҳар вақти дигар бештар масъул бошанд ва дар ҳифзу
ҳимояаш кӯшиш намоянд.
Шарифзода
М.М. ба иштирокчиён аз
қудратталабиву манфиатхоҳии кишварҳои абарқудрат ва гурӯҳҳои манфиатҷӯ ёдоварӣ
карда, ҳифзи Истиқлолу Ваҳдати миллиро дар ин раванд аз масъалаҳои муҳиму
саривақтӣ маънидод кард.
Масъалаи
дигаре, ки роҳбари донишгоҳ ба он таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуд ин хизмат дар сафи
Артиши миллӣ ва ҳимояи Модар-Ватан буд. Иброз гардид, ки вақте ҷавонон сарҷамъ
гардида, ба ҳам омада якдилона хизмати модарро, кишвари маҳбуби хешро,
сарзамини аҷдодии худро ба ҷо наоранд пас ин вазифаи муқаддаси кист?! Ҳифзи
марзу бум ва ҳимояи Модар- Ватан аз масъалаҳои муҳим дониста шуд.
Муъмин
Шарифзода хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳро қарзи имониву виҷдонии ҳар
ҷавонмарди кишвар номида, аз ҷавонон - донишҷӯёни фаъол даъват ба амал овард,
ки дар ин самт ба ҳамсолонаш моҳияти муҳими ҳифзи сарзамин, хоки поки меҳан ва
сарҳади кишвари азизи хешро баён намоянд.
Ҳамзамон
аз ҷавонон хост
то пайваста ба омӯзиш машғул гарданд, илмҳои муосир, техникаву технологияро
омӯхта мутахассисони забондон ва дорои қобилияти баланд ба камол расанд.
Иштироки донишҷӯён дар озмунҳои
ҷумҳуриявӣ махсусан таъкид карда шуд.
Дар
қисиати поёнии мулоқот аз иштирокчиён даъват карда шуд, ки дар озмуни донанда
ва тарғибгари беҳтарини мақолаи Абдуллои Раҳнамо таҳти унвони "Мавқеи
Тоҷикистон ва ё чаро Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?" фаъолона иштирок
намоянд ва соҳиби ғолибият шаванд.