НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

2022-12-05

Пешрафту ободӣ ва рушду шукуфоии ҳар ҷомеа аз суботу оромии давлат ва ваҳдату ягонагии мардуми он вобаста мебошад. Аз рўи чунин дидгоҳи назар аз давраҳои қадим то ба имрўз бунёду барқарории ҷомеаи амну ором аз олитарин ормонҳои халқиятҳои ҷаҳон ба ҳисоб рафта, ҳамеша расидагӣ ба сулҳу субот ва амнияту ягонагӣ бо талафоти бузурги моливу ҷонӣ ба даст омадааст. Яке аз мисолҳои барҷастае, ки дар хотираи таърихии миллати тоҷик ва таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол садсолаҳо боқӣ хоҳад монд, ин ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар солҳои 1992-1997 мебошад. Ба миён омадани чунин ҳодисаи нангин барои давлати ҷавону тозаистиқлол бисёр воқеаи нангин ва ғайричашмдошт буд. Ҷанги дохилӣ замоне ба вуқўъ пайваст, ки миллати тоҷик дар бунёди пояҳои нави давлати миллӣ ва мустақил мепардохтанд. Ҷавонон бо орзуи нияти тоза вориди низоми давлатдории озоду демократӣ ва дунявӣ шуда, аз паси тарҳрезии ҳаёти нав ва бунёдкорӣ мешуданд. Ба миён омадани ҳодисаи мазкур аз як тараф ба руҳияи ҷавонон таъсири манфӣ расонида бошад, аз ҷониби дигар қисми аз онҳое дар ин солҳо дар рафти мубориза барои барқарор намудани сулҳу субот ва амният дар кишвар ҷони худро аз даст доданд.

Бояд қайд намуд, ки ба вазъияти душвори сиёсии дохилӣ нигоҳ накарда ҷавонони ҳушёр бедор дар роҳи пешбарӣ ва интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кори муҳими таърихиро анҷом доданд. Таърих собит намуд, ки шахсияти Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ҳамчун шахсияти арзанда ба мансаби Президент, гузашта аз ин шахсе, ки дар бунёду барқарории сулҳи дар Тоҷикистон ҷони худро зери хатар гузошта, барои ба имзо расидани «Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» кўшишу талошҳои бузург анҷом дод. Ба имзо расидани созишномаи мазкур ва Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон барои ҷавонони кишвар баъди ба даст овардани соҳибистиқлолии давлатӣ тўҳфае бузург буд, ки мантиқан онҳо дар оянда ин ду дастоварди таърихиро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, барои наслҳои баъдӣ ҳамчун мерос боқӣ мегузоранд. Чуноне ки дар бораи аҳамияти таърихии сулҳи тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулодаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт». Бешубҳа ба даст омадани сулҳ дар мамлакат на танҳо суботу оромиро таъмин намуд, балки раванди парокандашавии миллат ва ба нобудӣ рафтани кишварро боздошт ва минтақаҳои Тоҷикистонро ба ҳам пайваст. Ҳифзи Тоҷикистони воҳиду ягона маҳз дар заминаи Ваҳдати миллӣ ва сулҳи тоҷикон ба миён омада, якпорчагии кишварро ҳифз намуд.

Қисми аъзами ҷавонони кишвар баъди ба даст овардани Ваҳдати миллӣ бо шинохту дарки рисолати таърихии хеш, барои мустаҳкам намудани истиқлолияти давлатӣ ва ягонагӣ дар кишвар саҳми ночизи худро гузоштанд. Аз он ҷумла, варзишгарони ҷавон дар мусобиқаҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ ширкат намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол карда, обрўву эътибори Тоҷикистонро дар байни давлатҳои дигар боло бардоштанд. Дар ин самт гарчанде, ки давлати тоҷикон аз ҷиҳати ҷуғрофӣ хурд ҳам бошад, вале варзишгарони ҷавон дар мусобиқаҳо ҷойҳои чашмрасро соҳиб гардида, парчами кишварро парафшон намуданд. Хотиррасон бояд намуд, ки чунин меҳру самимият ва масъулиятшиносии ҷавонон аз мулоқоти нахустини расмии Роҳбари мамлакат бо намоядагони ҷавонони ҷумҳурӣ санаи 2 феврали соли 1993, ки ба шароити вазнини кишвар нигоҳ накрада баргузор гардида буд, сарчашма ва ибтидо мегирад. Ин мулоқот ва мулоқотҳои дигар дар воқеъ ғамхору парастор ва пуштибон будани Пешвои миллатро нисбат ба ҷавонон аз солҳои аввали соҳибистиқлолии давлатӣ инъикос менамояд.

Ҷавонони далеру шуҷоъ бо дарки қарзи шаҳрвандии хеш дар назди модар – ватан ва барои таҳкими Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи суботи сиёсӣ дар кишварамон дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳ адои хизмат намуданд ва қисми дигари онҳо дар анҷоми ин қарзи мардонагии хеш ҳастанд. Маҳз ин ҷавонон бо хизмати хеш дар роҳи таъмини амнияти кишвар ва таҳкими соҳибистиқлолии Тоҷикистон саҳми арзандаи ҷавонмардии худро гузошта истодаанд.

Дар ин давра пажўҳишгарони ҷавон бо истифода аз шароиту орому осудаи кишвар ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ пардохта, рисолаҳои номзадиву докторӣ дифоъ намуданд. Онҳо бо андешаҳои созанда, тафаккури бунёдкорона ва қалами буррои худ дар раванди муҳорибаҳои иттилоотӣ, ки хусусияти муосири муборизаҳои сиёсии субъектони муносибатҳои байналмилалиро ташкил медиҳад, саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Ҷавонони тоҷик пайваста ҷавобан ба дастгирӣ ва таваҷҷўҳи Роҳбари кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар фаъолият намуда, дар рушди ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсӣ кори назаррасро ба анҷом мерасонанд. Бо назардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат соли 2017 аз тарафи Пешвои миллат «Соли ҷавонон» эълон гардид. Ба андешаи мо соли 2017 мебояд барои ҷавонони Тоҷикистон хотирмон ва таърихӣ бошад. Онҳо ҷавобан ба ин таваҷҷўҳи хоссаи Роҳбари кишвар дар ҳифзи суботу оромӣ, амнияти давлатӣ ва таҳкими Ваҳадти миллӣ бо азму иродаи қавиъ талош мекунанд ва чун қишри созандаву бунёдкор дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳиссаи худро мегузоранд. Чуноне, ки дар ин бора Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми баромади хеш қайд намудаанд: «Ҷавонони кишвар бояд рисолати таърихии хешро дар назди хотираи ниёгони гузашта, ҷомеаи имрўза ва наслҳои оянда амиқ дарк намуда, тамоми нерўи ҷисмониву ақлонии худро ба хотири таҳкими давлату давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии сарзамини аҷдодиямон сафарбар созанд».

Дар ин марҳилаи муҳими таърихи давлатдорӣ, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои даҳсолаҳои оянда тарҳҳои бузургеро рўи кор овардааст, ҷавонон бо ҷонибдорӣ аз чунин ташаббусҳо ва бо мавқеи созандаи худ дар амалӣ шудани онҳо ширкат бевосита доранд. Қабл аз ҳама аз рўзҳои аввали ташаббуси бунёди НОБ-и Роғун, ки дар кишвар яке аз бузургтарин лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ дониста мешавад, ҷавонон бо мавқеи фаъолу устувори хеш исбот намуданд, ки онҳо дар паҳлўи Роҳбари кишвар истода, дар оянда на танҳо дар пиёда кардани ин чунин лоиҳаи бузург, ҳамчнин дар тадбиқи тамоми ҳадафҳои бунёдкоронаи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Ба андешаи мо яке аз корҳои муҳими дигаре, ки ҷавонон дар роҳи таҳкими Ваҳдати миллӣ, рушди истиқлолияти сиёсӣ дар кишвар анҷом бидиҳанд, ин ташаккул додани тафаккури соҳибдавлатӣ, пайваст машғул шудан ба донишандўзӣ, аз худ кардани касбҳои замонавӣ, сайқал ва баланд бардоштани нерўи шахсӣ (инсонии) хеш аст. Бесабаб дар Паёми охирини Роҳбари кишвар масъалаи баланд бардоштани сифати нерўи инсонӣ махсус таъкид нашудааст. Зеро, таҷрибаҳо нишон додаанд, ки сифати нерўи инсонӣ ҳарчи баланд бошад, ҳамон қадар имконияти рушду инкишофи давлат бештар мегардад. Имрўз давлатҳои пешрафта ҳамон кишварҳое ҳисоб мешаванд, ки бо истифода аз нерўи инсонӣ ба дастовардҳои баланд ноил гардидаанд. Метавон гуфт, ки тадбири соли 2017 – ро эълон намудани Соли ҷавонон мантиқан бо масъалаи мазкур пайвандӣ дорад.

Дар оянда равобити дўстонаи наздики байни ҷавонони минтақаҳои Тоҷикистон метавон пояҳои Ваҳдати миллиро боз ҳам мустаҳкам намояд. Дар ин самт пайваста ташкил намудани бозиҳои варзишӣ дар байни ҷавонони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, баргузории конференсияву мизи мудаввар дар мавзўҳои гуногуни илмиву маърифатӣ, форумҳои ҷавонон, саёҳат ва ошноӣ аз ҷойҳои таърихӣ ва марказҳои фарҳангӣ, гузаронидани лагери тобистонаи наврасону ҷавонон берун аз маҳалҳои зисти онҳо ва баргузории чорабиниҳои муталиф дар минтақаҳои гуногуни кишвар имкон фароҳам меорад, то ҷавонон ватани худро дуруст бишиносанд, бо маконҳои таърихӣ ошноӣ пайдо кунанд ва дар зеҳни хеш тафаккури Тоҷикистони воҳидро ташаккул бидиҳанд. Чунин тадбирҳо аз лиҳози иҷимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангӣ ҳам ба ғояи таҳкими пояҳои Ваҳдати миллӣ дар кишвар ва ҳам ба сиёсати давлатии ҷавонон ҷавобгў мебошад.

Вақте имрўз дар нуқтаҳои гуногуни сайёраи ҷаҳон ҷангу моҷароҳои сиёсиву идеологӣ шакл гирифта истодааст, дар кишварҳои ҳамсояи наздик ҳодисаҳои террактӣ рух медиҳанд, хуни ноҳақи шахсони бегуноҳ доранд мерезанд, аз рўи ҷаҳолат гурўҳи ифротгаро ҷони садҳо нафар қурбони амалиётҳои ҳарбӣ қарор мегиранд, дар моҳи муборак мусулмон мусулмони дигарро метарконад, мо ҷавононро лозим аст ба хотири оромиву суботи ҷомеа, ягонагиву якпорчагии Тоҷикистон, идеяи сулҳу ваҳдат, амнияти ҷамъиятӣ дар сатҳу доираи гуногуни давлатӣ тарғибу пуштибонӣ намоем, ки он дар умум метавонад дар зеҳни ҷавонон ва умуман кулли аҳолӣ фарҳанги сулҳхоҳӣ, ободкорӣ ва талош намудан барои беҳтар шудани вазъи рўзгор гардад.

Хулоса ҳукмфармо будани фазои Ваҳдату ягонагӣ ва оромиву субот дар кишвар, мо ҷавононро вазифадор менамояд, ки ба қадри обу хоки ин Ватан, табиати зебои хуши он бирасем ва барои пойдории Ваҳдати миллӣ, соҳибистиқлолии давлатӣ пайваста қушишу талош намоем ва ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа рисолати хешро дар назди наслҳои имрўзу оянда сарбаландона адо бикунем.

Шўҳрат Саидзода-аъзои Ҳизби Халқии

Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд