ҲХДТ - ОИНАИ МИЛЛАТ

2022-12-05

Тоҷикистон пас аз даргириҳои ҷанги таҳмилии солҳои 90-ум, пас аз маҳрумиятҳо бо роҳбарии вориси содиқи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳрамони миллати тамаддунофар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озими шоҳроҳи созандагӣ гардид, давлатдории миллиро эҳё намуд, асолату рисолати хешро шинохт, муттаҳиду сарҷамъ шуд, рушду шукуфоӣ ёфт, нуфуз ва эътибораш ба пораҳои дунё парчам зада, имрӯзҳо 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ботантанаву шукӯҳи беназир ҷашн гирифт. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки маҳз дар замони Истиқлолияти кишвар арзи ҳастӣ намуд, дар ин роҳ хизматҳои арзандаи бесобиқа гузошт ва гузошта истодааст. Сиву як соли Истиқлолияти давлатӣ аз корномаҳои миллати тоҷик дарак дод, бурду бохтҳо, кору пайкорҳои мардуми тоҷик барои наслҳои имрӯз дар таҳкими сулҳу ваҳдат ва устувории давлатдорӣ, ҳуввияти миллӣ, вусъати корҳои давлатдорию бунёдкорӣ намунаи ибрати дигар халқияти кишварҳо гардид. Ҳанӯз дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 20-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ Президенти кишвар чунин иброз дошта буданд: “Набояд фаромӯш кард, ки агар мо гузаштаро дақиқ наомӯхта, равандҳои имрӯзаро воқеъбинона баҳогузорӣ накунем, пас роҳи дурусти инкишофи фардои хешро муайян карда наметавонем”.

Дар раванди ҳодисаҳои таърихӣ ҳассосияти замони гузашта аъзоёни ҲХДТ хизматҳои арзанда намуданд. Дар ҷо ба ҷо кардани пояҳои давлати фалаҷгашта, аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ берун кашидани миллат, аз хавфи ба қисматҳо ҷудо намудани кишвар ва ба эътидол овардани ҳаёти сиёсӣ аъзоёни ин ҳизби пешрав сина сипар намуда, ҳамроҳи Пешвои миллат пояҳои навини давлатро устувор намуданд ва ҳаёт оҳиста-оҳиста рӯ ба шукуфоӣ оварданро ба даст овард. Таклифҳои ҷасуронаю дилсӯзона, масъалагузориҳои мушаххас, суханрониҳои пурмӯҳтавои сарварони ҳизб дар қалби мардум ҷой гирифтанд. Дар он рӯзҳои мудҳиш ба миллат сулҳ овардан осон набуд. Ин танҳо ба гуфтан осон аст. Бо иштироки аъзоёни ҳизб ва сарварии Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1993 то 2000 қариб як миллион (950599) шаҳрвандони кишварамон аз давлатҳои иттиҳоди Мустақил, Афғонистон ва аз дигар вилояту минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойҳои асли зиндагиашон оварда шуданд.

Ин ҳизби созанда бо ташвиқи нақшаву мақсадҳои хеш дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, бо корҳои ободониву созандагӣ, ҳидоят намудани аҳолии мамлакат саҳми муносиб гузошта меояд. Вақт ва 28 соли ташкилёбии ҳизб нишон дод, ки Роҳбари ҷоннисори миллат дар атрофи худ қувваҳои солими ҷомеаро ҷамъ ва муттаҳид карда, тавонист ба қалби мардум роҳ ёфт ва Оинномаи ҲХДТ-ро ба оинаи миллат табдил дод. 28 сол дар назди таърих хеле кӯтоҳ аст, вале корҳои ба сомон расонидаи ҲХДТ метавонад барои садсолаҳои дигар ба мардум хидмат расонад. Зеро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ақлу зако, дониш ва хиради азалӣ родмардона амал намуд.

Имрӯзҳо дар қатори барафрохтани Нишон, Парчам дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд низ биноҳои алоҳидаи ҲХДТ бунёд карда шудааст. Дар радифи он оғози соли равон бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон ифтитоҳ гардид. Ин сана барои тамоми ҳизбиёни шаҳр санаи фаромушнашаванда боқи хоҳад монд. Маврид ба зикр аст, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон барои ба мардум шинос намудани ҳадафҳои барномавии ҳизб бахшида ба санаҳои таърихӣ як қатор чорабиниҳоро роҳандозӣ намудааст, ки қадру манзалати ҳизби созандаро ба боло мебарад. Як ҷузъи асосии кумиҷроияи ҳизб пайваста хабардор шудан аз аҳволи иштирокчиёни ҶБВ, шахсони яккаву танҳо, маъюбон ва бесаробонмондагон мебошад. Доимо дар маҷлисҳои ҳизб тадбирҳои созанда мушаххас карда мешаванд ва вакилон пайваста аз корҳои ба итмомрасонида ҳисобот медиҳанд. Дар назди кумиҷроия қабулгоҳи ҷамъмиятӣ амал менамояд, ки он ба ҳалли мушкилот маслиҳату кӯмак мерасонад.

Имрӯз ҳар яки моро зарур аст, ки дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид гардида, барои боз ҳам пиёда намудани нақшаю барномаҳои ҳизб хизмат намоем. Итминон дорем, ки кулли аъзои ҲХДТ бо сарбаландӣ, матонат, устуворӣ ва садоқат ба ормонҳои ҳизби ормонии хеш қадам зада, дар таъмини фардои босаодати хеш, татбиқи барномаҳои бузурги созандагӣ саҳми арзанда мегузоранд. Саодати рӯзгору саломатӣ ба ҳамсафону ҷонибдорони ҳизб таманно карда, умеди онро дорам, ки осмони кишварамон ҳамеша софу беғубор бошад.

Муслимахон Ҷамолиён,

раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон