10 ДЕКАБР – РЎЗИ ТАЪСИСИ ҲХДТ
2022-12-05
ҲХДТ
аз рӯзҳои нахустини таъсис ёфтанаш ҳамчун ҳизби халқӣ баҳри осудагӣ ва
некуаҳволии миллат талош варзида, дар ин росто заминаи боэътимод гузошт. Ба
ҳайси раис интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон роҳ ва равиши ҳизбро тағйир дод.
Амалӣ намудани ормонҳои миллӣ, таъмини сулҳу салоҳ дар давлат ва баланд бардоштани
иқтисодиёти миллӣ яке аз вазифаҳои аввалини ҳизб ба шумор меравад.
Заминаҳои
нахусти давлатдории миллӣ дар таҳкими қудратнокии давлат, эҳёи фарҳанг ва
арзишҳои миллӣ ва бо ин васила бедор намудан шуурнокии миллӣ дар масири
худшиносии миллӣ эҳё ва амалӣ гардид. Дар ин раванд яке аз муҳимоти миллӣ
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки барои рушди давлатдории миллӣ
заминаи боэътимод гузошт. Маҳз ҳамин истиқлоли миллӣ буд, ки кишвари моро
ҳамчун давлати мустақил ва соҳибтамаддун дар арсаи олам шинохтанд ва эътироф
намуданд.
Агар
ба таърихи кишвар назар андозем, бисёр ҳодисаю воқеаҳо пеши назар меояд. Тоҷикистони
маҳбубу ҷавони мо пас аз байн рафтани давлати Шӯравӣ 9-уми сентябри соли 1991
истиқлолияти худро ба даст овард, аммо ин дер давом накард. Дар кишвар бар
асари фитнаю дасисабозии душманони миллат ва хоҷагони онҳо ҷанги шаҳрвандӣ ба
амал омад ва кишвар ба зарбаи сахту даҳшатбор гирифтор гардид. Душманони миллат
ва хоҷагони хориҷиашон мехостанд, ки Тоҷикистонро аз харитаи сиёсии ҷаҳон
бардоранд ва миллати фарҳангдӯстӣ моро пароканда созанд.
Дар он замони бисёр
мушкил, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ давом дошт, зимоми давлатдориро ҷавони
оқилу доно Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дўш гирифт ва баҳри
сарҷамъии ҳамдиёрони парешонгаштаи мо ва ободии Тоҷикистон саъю талошҳои зиёде
намуд ва тавонист ба мақсадҳои дар пешгузоштаи худ муваффақ шавад. Гуфтан
месазад, ки дар давраи на он қадар тӯлонӣ ба туфайли ҳамин неъмати бебаҳо
Тоҷикистони биҳиштосои мо пеш рафт, ободу зебо гардид ва гул-гул шукуфт. Аз
ҳамон рӯзгор то ба ин рӯз,
ин санаи муборак барои халқи шарафманди мо иди бузург
маҳсуб меёбад.
Асосгузори сулҳу
ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон дар ин бора бамаврид чунин иброз доштаанд: “Истиқлолият дар баробари ин,
ки омолу орзуи деринаи халқи мост, инчунин лаҳзаи андеша ва таҳлили масъулияти
ҳар фарди сарзамини аҷдодӣ барои расидан ба қадри гузашта ва кору фаъолияти
созанда барои имрӯзу ояндаи Ватани маҳбубамон мебошад.”
Ба Истиқлол расидани
ҳар миллат ҳанӯз кам аст, онро муҳофизат ва пуштибонӣ бояд намуд. Бузургии
миллати тоҷик дар он аст, ки дар зарфи ҳазорсолаҳо фарҳангу забони худро аз
даст надод, ҳифз намуд ва ҳеҷ гоҳ барои тамаъ ба сари халқи дигаре шамшер
накашидааст.
Дастовардҳои халқи
тоҷик дар айёми истиқлол басо бешуморанд. Имрӯзҳо ҳам дар соҳаи иқтисоду
кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, сайёҳӣ ва сиёсати ҷавонон ва ҳам дар соҳаи
фарҳангу варзиш як қатор пешравиҳо ба назар мерасад. Дар баробари ин ҳамасола
сохтани биноҳои мактабҳои наву замонавӣ ва марказҳои саломатӣ, инчунин
иншоотҳои басо муҳим, ба монанди нерӯгоҳҳои барқи обӣ, роҳу пулҳо ва дигар
муассисаҳо бунёду азнавсозӣ мешаванд, ки ин аз пешравии кишвар дар самтҳои
гуногун мужда медиҳад.
Барои пойдор ва
устувор нигоҳ доштани ин неъмати бебаҳои яздонӣ ба мо лозим аст, ки анъанаҳои
беҳтарини гузаштагони худ-Спитамену Деваштич, Абӯмуслиму Муқаннаъ, Восеъ ва
даҳҳо ҳазор дигар ватандӯстонро, ки бар зидди душманони ғаддор мубориза
бурдаанд, давом диҳем.
Барои рушду нумуъ ва ободию гул-гулшукофии
Тоҷикистони соҳибистиқлол, инчунин диёри пурганҷамон саҳмгузор бошем. Ин аст ҳадафи асли ҲХДТ дар роҳи шукуфоии давлат ва
болоравии сатҳи зиндагии сокинони мамлакат.
Ҳақиқа Ширинова,
мудири шуъбаи таблиғот
ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар ноҳияи
Ванҷ