Баргузории мусобиқаи футболи хурд бахшида ба 28 -солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
2022-12-05
Намуди
варзишии футбол миллионҳо мухлисонро ба ҳам овардааст. Дар ақсои олам футбол
чун намуди варзишии рақами як маҳсуб шуда, он рамзи дӯстиву баҳамоии халқиятҳои
маскуни ҷаҳон гардидааст. Дар кишвари мо низ ба рушди футбол аҳаммияти хоса
дода мешавад.
Бо
ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд
дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди корхонаи муштараки “Ҷавонӣ”
дар остонаи 28 – умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
байни аъзои ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Ҷавонӣ”, “Тандурустӣ”,
“Мадад” ва кормандони ширкати “Тсел” мусобиқаи футболи хурд оғоз гардид.
Ҳадафи
аслии баргузор намудани мусобиқаи мазкур, баланд бардоштани завқи худшиносии
миллӣ, тараннуми тарзи ҳаёти солим, дӯст доштани варзиш, густариш додани муносибати
дӯстии байни маҳаллу корхонаҳо, рушди намуди варзиши футбол ва татбиқи
Барномаҳои давлатии рушди футбол мебошад.
Дар
оғози расмии мусобиқаи мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд
Исматҷонов Бахтиёр ширкат варзида, таъкид дошт, ки варзиш - гарави саломатӣ ва
саломатии миллат шарти муҳимтарини бақои имрӯзу фардои давлат мебошад. Бояд
гуфт, ки ҳар чӣ қадар мо барои рушди соҳаи варзиш шароит фароҳам оварем, ҳамон
қадар насли ҷавонро аз амалҳои номатлуб, ба монанди нашъамандиву нашъаҷаллобӣ,
аъзо шудан ба гурӯҳҳои экстремистию ифротгаро ва ғайра наҷот мебахшем.
Мусобиқаи
варзиш то 17 декабри соли равон давом карда, ғолибон бо мукофотҳои пулӣ, диплом
ва туҳфаҳо қадршиносӣ карда мешаванд.