Нақши ВАО дар таблиғи ғояҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

2022-12-02

Тибқи нақша-чорбиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур мизи мудаввар таҳти унвони “Нақши ВАО дар таблиғи ғояҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” дар толори МДТ “Литсейи № 4 барои хонандагони болаёқат” – и шаҳри Душанбе бо иштироки Ширинбекзода Садриддин, мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Муродов Ҷурабек, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Каримзода Нилуфар, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Шамсиддинзода Садриддин, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур, Валаматзода Темур, аввалин Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, намояндагони Васоити ахбори омма ва раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид.

Нахуст, чорабинии мазкурро Каримзода Нилуфар, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ифтитоҳ намуд.

Зимнан, иштирокчиён дар баромадҳои худ қайд карданд, ки ҲХДТ таҳти сарварии Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои наҷиб бобати таъмини зиндагии шоистаи мардум, инкишофи озодона ба ҳар шаҳрванд, рушди ҳамаҷонибаи давлатдории миллӣ, тарғиби идеологияи солими миллӣ, тарбияи хештаншиносиву ватанпарастӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии Ватан саҳми муносиб дорад.

Дар давоми суҳбат қайд гардид, ки ҳизби мо дар асоси дастуру тавсияҳои роҳбари маҳбубу муаззами хеш, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша талош менамояд, ки баҳри пешгирии ҳама гуна ангезаҳои номатлуби ҷомеа ва ақидаҳои носолими мухолифини сиёсӣ, ки дар шабакаҳои интернетӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма ба нашр мерасанд, вокуниши фаврӣ нишон диҳад.

Мавриди зикр аст, ки кормандони масъули ҳизбӣ дар фаъолияти касбии худ усулҳои замонавии кор бо ВАО-ро хеле хуб мавриди омўзиш ва истифода қарор дода, ба маводи интиқодии ѓаразноку бебунёд ҳамеша ҷавоби муносибу асоснок медиҳанд.

Мусаллам аст, ки дар шароити имрўза муборизаҳои иттилоотӣ, ки ҳадафи аслиашон роҳандозии ноамниву бесуботии давлатҳо мебошад, боиси ташвишу нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Дар ин замина, дарёфти роҳҳои муосири муқовимат ва усулҳои пешгирии онҳо амри зарурӣ ба ҳисоб рафта, мавриди омўзиш қарор додани таҷрибаи пешқадами кишварҳои алоҳида ба манфиати кор хоҳад буд.